Ифтитоҳи Китобхонаи марказӣ дар ноҳияи Ҳисор
Нашр шуд. Сеш, 22/09/2015 - 08:07Дар маркази ноҳия - шаҳраки Ҳисор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Осорхонаи ноҳиявӣ Китобхонаи марказии ноҳияро низ расман мавриди истифода қарор дод.
Сохтмони китобхона моҳи феврали соли 2014-ум бо тарҳ ва усули хоси меъморию шаҳрсозӣ шурӯъ гардида, бо харҷи 10 миллион сомонӣ бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҷамъияти Дорои
Ифтитоҳи Осорхона дар ноҳияи Ҳисор
Нашр шуд. Сеш, 22/09/2015 - 08:05Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои осорхонаи ноҳиявиро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дод.
Ин бинои наву замонавӣ ба истиқболи ҷашни 3000 - солагии Ҳисори шодмон бо ташаббуси Сарвари давлат бунёд ёфта аст.
Дар бино тарҳу ороиш ва нақшу нигори асри миёнаро бо муосир омехта намудаанд, ки ба ин иншоот шукуҳу шаҳомати хоса зам кардааст.
Осорхона аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои тамоми шароит барои нигоҳдории
Сафари корӣ дар ноҳияи Ҳисор
Нашр шуд. Сеш, 22/09/2015 - 08:00Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор муассисаҳои маорифу, фарҳанг, инчунин шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнии 3000 - солагии Ҳисор ба ноҳияи Ҳисор ташриф овард.
Дар ҷамоати деҳоти Сомон дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода сокинони ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти баланд, ки нишонаи возеҳи пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Роҳбарияти давлат мебошад, гарму
Суханронӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Пан, 17/09/2015 - 14:51Ҳозирини гиромӣ!
Меҳмонони арҷманд!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Қабл аз ҳама, меҳмонони азизу арҷмандро, ки барои иштирок дар кори Конфронси байналмилалӣ ба ифтихори 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари мо ташриф овардаанд, хайра мақдам мегӯям.
Итминон дорам, ки меҳмонони азизи мо баъди боздид аз Тоҷикистони ҳамешабаҳор ва шиносоӣ