Тоҷикистон ҷонибдори таваҷҷуҳи хосса ба масоили ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии кишварҳои аъзои СААД аст

Дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ як зумра тадбирҳо оид ба мукаммал намудани фаъолият дар доираи СААД ба нақша гирифта шудаанд. Бахусус, инҳо тақвияти омодагии ҷангӣ ва таъминоти моддию техникии қувваҳои дастаҷамъӣ ва воситаҳои зудамали онҳо, бо ин мақсад гузаронидани омӯзишҳо ва машқҳои муштарак, ба роҳ мондани табодули иттилооти доимӣ ва маҷмӯи иқдомҳои дигар оид ба таҳкими созмон мебошанд.

Э. Раҳмон сарони давлатҳои СААД-ро ба муттаҳиднамоии кӯшишҳо зидди таҳдиду хатарҳои минтақа даъват кард

Имрӯз дар  ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД  фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба ҳайси раиси СААД  натиҷагирӣ  шуд. 
«Қариб дар нуҳ моҳ мо барои рушд ва таҳкими иқтидор,  баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти Созмон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намудем.  Ин кор дар доираи Нақшаи татбиқи масъалаҳои ҷаласаи  Шӯрои амнияти дастаҷамъии соли гузашта,  ки моҳи декабр баргузор гардида буд  ва  афзалиятҳое, ки дар

Ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши сатҳи олии СААД дар Душанбе

Дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. 
Қабл аз ҳама ба Қасри Миллат Президенти Арманистон Серж Саргсян ва Президенти Белорус Александр Лукашенко ва сипас сарони дигар давлатҳо низ ворид шуданд.

Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД оғоз ёфт

Дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад, ба кори худ шуруъ намуд. 
Ҳоло ташрифи сарони давлатҳои аъзои СААД ба

Страницы