Эълони натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

22 май соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, ки натиҷаҳои пешакии он имрӯз эълон гардид.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода 23 май зимни эълони натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ иттилоъ дод, ки аз  рӯи  маълумоти  пешакӣ аз шумораи умумии раъйдиҳандагон, ки 4 миллиону 409 ҳазору 516 нафарро ташкил медиҳад, дар  ҷараёни раъйпурсӣ 4 миллиону 38 ҳазору 183 нафар раъйдиҳандагон ё худ 92% иштирок намуданд. Аз ин шумора, ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 814 ҳазору 477 нафар раъй додаанд, ки ин рақам 94,5%-ро ташкил медиҳад.

Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон

Ҷавонони саодатманди Ватан!
Фарзандони азиз!
Дар арафаи ҷашни 25 - солагии истиқлолияти давлатӣ шумо созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик менамоям.
Шумо, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат

Страницы