Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Якш, 22/05/2016 - 09:15
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба участкаи раъйдиҳии рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, барои ворид кардани
Оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000
Нашр шуд. Пан, 12/05/2016 - 18:13
Субҳи имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 асос гузошта шуд.Дар километри 47-уми шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар маҳалли баргузории чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олиқадр, сарони кишварҳо ва ҳукуматҳоро истиқбол гирифт.
Нахуст дар вазъияти тантанавӣ роҳбарони кишварҳо ба назди такягоҳи оҳании рамзи ифтитоҳи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмии оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000
Нашр шуд. Пан, 12/05/2016 - 18:08
Ҷанобони ОлӣМуҳаммад Навоз Шариф,
Абдулло Абдулло!
Муҳтарам Сооронбой Шарипович Жээнбеков,
Меҳмонони воломақом, шарикони рушд,
Ҳозирини гиромӣ!
Бо арзи эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи шуморо ба сарзамини Тоҷикистон хушомадед мегӯям.
Маросими имрӯзаи оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи КАСА-1000 барои ҳамаи мо ҳамчун рамзи шурӯи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ лаҳзаи хотирмону дорои аҳамияти таърихӣ мебошад.
Мусаллам аст, ки кишварҳои мо бо назардошти имконот ва ба хотири таъмини рушди устувору некуаҳволии мардумони худ ба ҳамкории бештар васеъ дар ҷодаи энергетика ниёз доранд.
25 соли Истиқлолияти Тоҷикистон…
Нашр шуд. Сеш, 10/05/2016 - 15:45
«Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ





