Наврӯз – арзишмандтарин мероси ниёгон…

Наврӯз беш аз шаш ҳазор сол таърих дошта, бо ойину расму рамзҳои нави башардўстона ба рӯзҳои мо расидааст. Эҳёи навини Наврўз вобаста аст ба истиқлолият, ки ин аз талошу ҳадафҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон буда, он фазилатҳои зиёде дорад, ки метавон солҳои сол дар бораи он нақлҳо карда китобҳо нависанд ва аз сулҳу ваҳдати миллӣ тараннум кунанд.
Наврўз аз дин қадим аст, хайрхоҳу некхоҳ, пайку паёми шукуфоӣ, тозагӣ, бахшидани гуноҳҳо, душманро бо душман дўст кардан ва

Суханронӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!

Бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ кулли мардуми кишвар, аз ҷумла  сокинони пойтахти мамлакат ва меҳмонони гиромиро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози

Иштирок дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни кишвар

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбади пойтахт чун анъанаи накӯи наврӯзӣ дар арафаи ин ҷашни фархундаи ҷаҳонишуда бо зиёиёни мамлакат мулоқоти судбахш анҷом дод.
Дар вохӯрӣ шумораи зиёди аҳли зиёи мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ - иштирокчиёни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи наврӯз иштирок карданд.
Мулоқоти имсолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар фарқияти хос дошт, зеро ин навбат дар вохӯрӣ шумораи зиёди донишмандону адибони маъруф аз кишварҳои мухталифи дунё ҳузур доштанд. 
Чорабинии идона бо ворид шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори бошукуҳи Кохи Борбад оғоз ёфт.
Ҳамоиши байналмилалиро раи

Суханронӣ дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!
Дар ибтидо фарорасии баҳори файзбор ва Наврӯзи байналмилалиро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳар яки шумо, меҳмонони гиромӣ, ҳозирини арҷманд ва ҳамаи онҳоеро, ки Наврӯзи оламафрӯзро таҷлил мекунанд, самимона табрик менамоям.
Ҳамчунин, меҳмонони бисёр гиромиро, ки бо хеш муждаи фасли баҳор ва насими накҳатовари наврӯзиро овардаанд, аз номи мардуми Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ин мисраъҳои баҳоронаи яке аз паёмбарони шеъри оламгири Аҷам - Анвариро тақдими шумо медорам:
Навбаҳор омаду ҳангоми тараб гашта бапо,
Чи баҳоре, ки зи дилҳо бибарад сабру қарор.
Боди Наврӯз саҳаргаҳ чу ба бустон бигзашт,
Гули садб

Страницы