Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Роғун
Нашр шуд. Чор, 15/07/2015 - 09:58
Ҳамватанони азиз!Ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама, ба кулли сокинони сарбаланди шаҳри Роғун барои истиқболи гарму самимӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, барои амалӣ гардидани нақшаву ниятҳои созандаашон дар ҷодаи ободу пешрафта гардонидани ин гӯшаи зебои диёрамон барори кор орзумандам.
Инчунин, ҳамаи устодону шогирдон ва падару модарони азизро ба муносибати оғози фаъолияти
Боздид аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон
Нашр шуд. Душ, 13/07/2015 - 18:53
Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба пойгоҳи қисми низомии 07017-и Қўшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шифохонаи ҳарбии гарнизони Хатлон ташриф оварданд. Дар инҷо меҳмонони олиқадрро тибқи оини низомиён, бо саф оростани ротаи қаровули фахрӣ ва таҳти навои ОркестриСуханронӣ дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи Робиндранат Тагор
Нашр шуд. Душ, 13/07/2015 - 15:41
Ҷаноби Олӣ Нарендра Модӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон,Дӯстони азиз,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Мо имрӯз барои пардабардорӣ аз муҷассамаи шахсияте гирди ҳам омадаем, ки бо ному осораш ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ шинос ҳастем. Робиндранат Тагор – шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳиндӣ – аз зумраи он бузургонест, ки беш аз мардумони замони хеш ба
Суханронӣ дар Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон
Нашр шуд. Душ, 13/07/2015 - 14:59
Ҷаноби Олӣ, Сарвазири муҳтарами Ҷумҳурии ҲиндустонНарендра Модӣ,
Меҳмонони олиқадр,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Бори дигар сарфарозам дар ҳузури гиромии шумо меҳмони азизи Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Нарендра Модиро самимона хайрамақдам бигӯям.
Ба ҷаҳониён маълум аст, ки пайвандхои ду





