Суханронӣ дар маросими бакорандозии мошини дуюми навбати аввал ва оғози сохтмони навбати дуюми Маркази гармию барқи «Душанбе - 2»
Нашр шуд. Шан, 13/09/2014 - 21:29Муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин ҷаноби Си Тсинпин!
Дӯстони азиз!
Ҳамагӣ ҳашт моҳ қабл дар ин макон агрегати аввали навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Ва инак, имрӯз мо бо шарикони хитоии худ агрегати дуюми онро ба кор андохта, ба сохтмони навбати дуюми дорои иқтидори бештари ин иншоот ҳусни оғоз мебахшем.