Мулоқот бо собиқ Сарвазири Малайзия доктор Маҳатҳир Муҳаммад

25.06.2014 08:08, Малайзия
Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Куала-Лумпур бо собиқ Сарвазири Малайзия Махатҳир Муҳаммад мулоқот намуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоти нахустини худ бо ин сиёсатмадори маъруф, ки моҳи октябри соли 2003 дар Малайзия баргузор шуда буд, самимона ёдоварӣ карда, изҳор дошт: “Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатии Малайзия

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

Тафсилоти бештари масоили вобаста ба рушди ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.
Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахш ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд.
Бо изҳори ҳавасмандӣ ба тавсиаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зарурати саҳл намудани имконоти ҳамлу нақл ва транзитӣ, дарёфти роҳҳои нави иртиботӣ таъкид гардид.

Оғози сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон

Барномаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди Қасри Миллат оғоз ёфт.
Барои анҷоми ин маросим дар назди Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шарифро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Латвия

Душанбе, 10.06.2014 - Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Латвия дар музокироти расмии сатҳи олӣ идома ёфт.
Гуфтугӯйи доманадори судбахш доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва саҳмгузорӣ дар муборизаи глобалии зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.

Страницы