Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия ба Тоҷикистон
Нашр шуд. Чор, 11/06/2014 - 09:16Барномаи имрӯзаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ба Тоҷикистон бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди Қасри Миллат ёфт. Барои истиқболи расмӣ аз меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзиншро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.