Шоми дӯстӣ ба истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ хонум Пен Лиюан

Бегоҳии дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки бо нахустин сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дар қароргоҳи шаҳрии худ зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.
Хотиррасон бояд намуд, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсараш, бонуи аввали Чин Пен Лиюан ташриф овардааст.
Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ хонум Пен Лиюан дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.
Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсари ӯ, бонуи аввали кишвари мо зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

Имрӯз ҳузури Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон дар доираи барномаи нахустин сафари давлатии ӯ ба кишвари мо идома ёфт.
Маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баргузор гардид. Ба ин муносибат дар саҳни Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,
Дӯстони азиз,
Мо чанде қабл натиҷаҳои пешакии нахустин сафари давлатии Раиси Чумҳурии Мардумии Чин ҷаноби ниҳоят гиромӣ Си Ҷинпинро ба Тоҷикистон ҷамъбаст кардем.
Мутмаинам, ки сафари мазкур ба рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии миёни кишварҳоямон набзи қавии тоза мебахшад.
Ҷонибҳо Эъломияи муштаракро оид ба таҳкими муносиботи шарикии стратегӣ имзо намуда, “Барномаи ҳамкорӣ то соли 2020”-ро қабул карданд.
Як қатор созишнома ва шартномаҳои дуҷониба ба имзо расиданд.

Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи тақвияти минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ

Бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Тзинпин 12-14 сентябри соли 2014 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом дод.
Сарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ҳолат ва дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд, оид ба масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар намуда, дар мавриди

Страницы