СММ ба таҳкими ҳамкорӣ бо СҲШ омода аст
Нашр шуд. Ҷум, 12/09/2014 - 17:56
Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ифтитоҳ ёфт, ки дар он муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ Ҷеффри Фелтман иштирок намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки СММ омодааст ҳамкориро бо СҲШ ба манзури таъмини суботи минтақа таҳким бахшад. Номбурда даъват намуд, ки мубориза барои амнияту шукуфоии Афғонистон вусъат дода шавад.
«Яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи умумии мо иборат аз дигаргунсозиҳо дар бахши амнияти Афғонистон ва то охири соли ҷорӣ аз ин кишвар хориҷ намудани қувваҳои байналмилалист. СҲШ ва давлатҳои аъзои он ҷонибдории худро аз ҳалли масоиле иброз доштанд, ки барои тамоми ҷаҳон ва суботи ояндаи Афғонистон муҳиманд», - афзуд Ҷеффри Фелтман.
Номбурда қайд намуд, ки саъю кӯшишҳои кишварҳои СҲШ барои рафъи хавфу хатари терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамчунин муборизаи онҳо алайҳи фаъолияти ғайриқонунии иқтисодӣ ба таҳкими амнияти Афғонистон ҳиссаи муҳим мегузоранд. Номбурда зикр намуд, ки самарабахшии ин чорабиниҳо зарурати таъмини эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро тақозо мекунад.

Зимни суханронӣ дар ҳамоиши васеи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай 12 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Отамбаев зикр намуд, ки авҷ гирифтани экстремизми динӣ ва хатари вуруди гурӯҳҳои террористӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин хатари афзоиши интиқоли маводи мухаддир дар минтақа аз мушкилоти асосии минтақа боқӣ мемонанд ва давлатҳои минтақаро зарур аст ба ин масъала
Пас аз анчоми ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) 12 сентябр аз чониби сарони давлатҳои аъзо Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тартиби додани мақоми давлати узв, Стратегияи рушди созмон то соли 2025 ва дигар санадҳо ба имзо расиданд.
Дар ҷараёни ҳамоиши васеи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зимни суханрониаш як силсила масоили муҳимро номбар кард, ки ҳалли онҳо бояд дар шароити ноустувори ҷуғрофиёи сиёсӣ ва вазъи ҷуғрофиёи иқтисодии ҷаҳон ҳадафи афзалиятноки СҲШ гардад.



