Дар Тоҷикистон филиали Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд мешавад

Байни Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Беҳдоштӣ»-и Тоҷикистон ва Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. 

Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд

2 июл Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори да

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, дар ин хусус Фирӯз Каримзода хабар дод.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад.

Ба имзо расидани бастаи санадҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ низ дар назар аст.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот менамояд.

Страницы