ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26-уми июни соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид баргузор гардид. Дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони раиси Кумита Дилафрўз Рустамзода, Суҳроб Ализода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва муассисаҳои тобеъ, иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта Ян Боргро ба ҳузур пазируфтанд

26 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар

ДАСТУРУ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат

9 марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин доир ба татбиқи қонунҳои марбут ба танзиму анаъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, таълиму тарбияи фарзанд изҳори назар намуда, аҳли ҷомеаи мамлакатро ба риояи қатъии муқаррароти қонунҳои мазкур даъват намуданд. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро афзалият гузошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳ дошта, шукргузорӣ кунем.

Рустами Эмомалӣ ба Валентина Ивановна ва Вячеслав Викторович изҳори тасаллӣ намуданд

Муҳтарам Валентина Ивановна,
Муҳтарам Вячеслав Викторович,

   Аз номи худ ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо, инчунин, ба ҳамаи наздикону пайвандони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони осоиштае, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ваҳшиёнаи террористӣ дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дербент ба ҳалокат расиданд, тасаллияти амиқ баён мекунам.
Ба ҷароҳатбардоштагону осебдидагон суханони самимии дастгирӣ ва таманнои шифои оҷилро мерасонам.

Бо таъзияи амиқ,
Рустами Эмомалӣ


Уважаемая Валентина Ивановна,
Уважаемый Вячеслав Викторович,
 
От себя и от имени членов Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан выражаю глубокое соболезнования Вам, а также всем родным и близким погибших сотрудников правоохранительных органов и мирных граждан в результате жестоких терактов в городах Махачкала и Дербент.

Страницы