Дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд

Имрӯз дар пойтахти мамлакат  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати шашум баргузор гардид, ки тибқи рӯзнома дар он  39 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» дар шакли мукаммал баррасӣ карда шуданд.

Дар рӯзномаи байналмилаллии арабии «Аш- Шарқ ал-Авсат» фарҳангу адабиёти тоҷик муаррифӣ гардид

18 июн бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар рӯзномаи байналмилаллии арабии «Аш- Шарқ ал-Авсат» (Ховари Миёна) мусоҳибаи арабшинос ва тарҷумони тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Нарзулло Назар ба нашр расид,ки  дар он доир ба  таърихи адабиёти тоҷику  форс, шеъри асилу оламшумули тоҷикӣ ва робитаҳои фарҳангию адабии тоҷикон бо ҷаҳони араб  маълумот манзур гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.

Дар мусоҳиба таъкид гардидааст, ки тоҷикон аз нажоди ориёӣ буда, қадимтарин мардуми асилу бумии  минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд ва дорои фарҳангу тамаддуни куҳан мебошанд.

Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.

Иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барор орзу намуданд.

Страницы