Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиши Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба рушди равандҳои мусбат дар минтақаи мо мусоидати муассир хоҳад намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд

Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мешавад

Имрӯз, 14 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Барои иштирок дар вохӯрӣ ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Президентони Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон ...

Страницы