январи 2024

Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони Қатар 8 бахши ояндадорро муаррифӣ намуданд

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз дар шаҳри Давҳа, дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар баргузор шуд,  ки дар кори он Президенти мамлакат

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Пас аз анҷоми мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Захираҳои дар Тоҷикистон мавҷудаи литий барои истеҳсоли автомошинаҳои барқӣ шароити мусоид фароҳам меоварад

Истифодаи маҳсулоти алюминийи Тоҷикистон ва захираҳои дар мамлакат мавҷудаи литий барои истеҳсоли автомошинаҳои барқӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Яъне ду намуди ашёи асосӣ барои истеҳсоли чунин автомошинаҳо дар ҷумҳурии мо мавҷуд аст.

Қонунгузории Тоҷикистон барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳоро муқаррар намудааст

Имрӯз дар мамлакати мо зиёда аз 720 лоиҳаи сармоягузориҳои давлатӣ ба маблағи беш аз 13,8 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст. Қонунгузории амалкунандаи мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қатар доир шуд

 22 январ дар пойтахти Давлати Қатар — шаҳри Давҳа дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон: «Мо барои шаҳрвандони Давлати Қатар низоми бераводиди яктарафаро ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ намудем»

Тоҷикистони кӯҳсор, ки табиати зебо, набототу ҳайвоноти нодир ва осори беназири таърихиву фарҳангӣ дорад, барои рушди бахши сайёҳӣ, бахусус сайёҳати кӯҳнавардӣ, экологӣ ва беҳдоштӣ, ҳамчунин, шикор имкониятҳои зиёдро доро аст.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар

Дӯстони гиромӣ!

Нахуст ҳамаи ҳозиринро хайрмақдам гуфта, ба кори ҳамоиши имрӯза комёбӣ хоҳонам.

Умед дорам, ки натиҷаҳои он ба рушди муносибатҳои ҳамкории ҷонибҳо такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон ва Давлати Қатар бар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар мулоқот намуданд

22 январ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар баргузор шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Лубнон пирӯзӣ таманно намуданд

 

22 январ дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти

«EXPO 2023 DOHA». Гӯшаи Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ дар Давҳа 500 ҳазор нафар тамошо намуд

21 январи соли 2024 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2023 DOHA» маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, ки онро зиёда аз 500 ҳазор меҳмон тамошо намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ намояндагони расмии Тоҷикистон ва Қатар, сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар ин давлат, намояндагони бахшӣ хусусӣ ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Қатар иштирок намуданд.