««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Ҳисор даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид

Аз шаҳри Ҳисор дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат»  27 нафар  довталаб иштирок намуда, 2 нафар бо гирифтани ҷойи дуюм ва 3 нафар ҷойи сеюм ба даври ниҳоӣ-ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки  дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» 13 шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, натиҷаҳои он аз ҷониби раиси ҳакамон- муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муродалӣ Иброҳимов эълон гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Ҳадафи озмун дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мебошад.