«ДУРДОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН». Нашриёти «Ирфон» маълумотномаи библиографӣ ба нашр омода намудааст
Муассисаи нашриявии «Ирфон» бо мақсади ба таври васеъ муаррифӣ намудани осори адибони тоҷик ба насли имрӯзу фардо маълумотномаи библиографиеро таҳти унвони «Дурдонаҳои Тоҷикистон» дар ду ҷилд ба нашр омода намудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи маркетинг ва менеҷменти нашриёти «Ирфон» хабар доданд.
Маълумотномаи мазкур дар бораи зиндагиномаи адибони тоҷик маълумоти тавсиявӣ пешниҳод менамояд. Инчунин дар он фаъолияти корӣ ва рӯйхати осор гирд оварда шудааст.
«Дурдонаҳои Тоҷикистон» аз 2 ҷилд иборат буда, дар он маълумот оид ба рӯзгор ва осори адибон аз соли 1946 то соли 2001 оварда шудааст.
Муассисаи нашриявии «Ирфон» ба хонандагон ва адибон муроҷиат менамояд, ки агар онҳо рӯйхати асноди таърихии ба ин мавзуъ вобастаро дошта бошанд, барои нашри китоб ирсол намоянд.
Маводи мазкур ба хонандагон, омӯзгорону донишҷӯён ва унвонҷӯён барои омӯзишу баррасии масъалаҳои марбут ба зиндагию фаъолияти адибони тоҷик мусоидат ва барои шиносоии бештари онҳо бо осори адибони тоҷик кумак мерасонад.