«Сарбозони бесилоҳ» соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филм» гардид
Дар аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад «СИМО» филми «Сарбозони бесилоҳ» барандаи ҷоизаи «Беҳтарин филм» гардид, ки ҷоизаи мазкурро ба муаллифи филм Сайёд Муҳаммадов муовинони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Бобошоҳзода ва Назира Амирбекзода ва директори телевизиони «Синамо» Набӣ Набизода бо тантана супориданд.
Бояд ёдовар шуд, ки санаи 5 – уми декабри соли 2017 маросими ҷоизасупории фестивали мазкур дар шаҳри Душанбе аз ҷониби муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» доир гардида буд.
Дар маросими ҷоизисупорӣ 15 нафар собиқадорони телевизион ва синамои тоҷик бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Инчунин, намояндагони шабакаҳои телевизионӣ ва роҳбарияти «Кохи Наврӯз» барои саҳми арзанда ва иштироки фаъолашон дар фестивал соҳиби дипломҳои махсус гардиданд.
Инчунин, ҷоизадорони аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад «СИМО» ба таври зайл аст:
- наворбардори шинохта Георгий Дзалаев ва коргардони маъруф Лилиана Налоева соҳиби ҷоизаи «Барои хизмати шоиста»;
- коргардон Абдулҳай Зокиров соҳиби ҷоизаи «Таваҷҷуҳи тамошобин»;
- филми «Соҳибватан»-и коргардон Далери Имомалӣ соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филм бахшида ба Соли ҷавонон»;
- коргардон Файзулло Файз бо филми «Синамои тоҷик» соҳиби ҷоизаи «Ҷоизаи махсуси ҳакамон»;
- коргардон Озод Маликов бо филми «Кавикас» соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин бозёфти эҷодӣ»;
- коргардон Сафарбеки Солеҳ бо филми «Комил» соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин консепсия дар филми мустанад»;
- Наврӯз Саидов наворбардори филми «Духтари Сайҳун» соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор»;
- коргардон Рустам Шоазимов дар филми «Парвози парвона» соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» гардиданд.
Маросими ҷоизасупорӣ бо тантана ва таронаю сурудҳои дилнишин ба анҷом расид.