«Сипоснома» ба Раиси Кумитаи телевизион ва радио
Фаъолияти кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораву муассисаҳои зерсохтори он дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, баҳри амалӣ шудани барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар равона гардидааст. Ва роҳбарият ва кормандони Кумита барои амалӣ намудани ин ҳадафҳои воло саъю талоши беандоза намуда, саҳми босазои худро мегузоранд.
Барои анҷоми рисолати худ ҳамеша кормандони Кумита мавриди арҷгузорӣ ва сипос қарор мегиранд. Аз ҷумла, роҳбарияти Кумита саҳми арзандаи худро дар амалӣ гардонидани сиёсати созандагию бунёдкорорнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмон ва бунёди гулгашти Ватани азиз гузоштанд. Бинобар ин, мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиёнро бо «Сипоснома» сарфароз гардонид.