«Телевизиони Тоҷикистон» ба пахши HD гузашт
Нашр шуд. Ҷум, 08/09/2017 - 13:08
«Телевизиони Тоҷикистон» дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи нави пахши дақиқияташ баланди HD гузашт.
«Телевизиони Тоҷикистон» ҳамарӯза гузоришу барномаҳо дар мавзӯъҳои сиёсати байналмилалӣ, ташаббусҳои бузурги ҷаҳонӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноату сохтмон, кишоварзӣ, фарҳангу маориф, илму навоварӣ, ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ пахш менамояд.
«Телевизиони Тоҷикистон» тарғибгари дастовардҳои давлат ва рӯзгори шоистаи миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.