«Тоҷикфилм» ба таҳияи филми таърихии «Шоҳроҳи абрешим» оғоз менамояд

Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» соли 2018 ният дорад, ки ба таҳияи филми таърихии «Шоҳроҳи абрешим» аз рӯи асари адиб ва драматурги тоҷик Ато Ҳамдам оғоз намояд.
Дар ин бора муовини директори «Тоҷикфилм» Толиб Раҳматуллоев дар Рӯзи байналмилалии кино, ки ҳамасола 28 декабр таҷлил мегардад, иттилоъ дод.
Толиб Раҳматуллоев мегӯяд, ки дар ҳоли амалӣ шудани ин нақша филми «Шоҳроҳи абрешим» дар 26 соли соҳибистиқлолӣ нахустин филми таърихӣ хоҳад буд.
Тавре маълум гардид, филмнома  таърихи зиёда аз 2-ҳазорсолаи гузаштаи аҷдодони моро дар бар мегирад. Вале Т. Раҳматуллоев бар он назар аст, ки коргардонҳои тоҷик дар танҳоӣ аз уҳдаи офаридани чунин филми таърихӣ, ки заҳмати бисёрро талаб мекунад, баромада наметавонанд. Зеро он воқеаву ҳодисаҳое, ки дар филмнома инъикос ёфтаанд, бештари онҳо дар давлатҳои дар «Шоҳроҳи абрешим»  қарордошта бояд ба амал биоянд. Яъне, коргардони он бояд муҳити ҳамон давра, либос, урфу одат ва анъанаҳои мардумони он давлатҳоро пурра омӯзад, ки ин вақти зиёдро талаб мекунад.
«Ин филмнома аз ҷониби Шӯрои бадеии «Тоҷикфилм» пазируфта шуда, дар айни ҳол сари офаридани он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Мо ният дорем, ки шакли мухтасари асарро бо муайян кардани маблағ барои ҳамкорӣ ба он давлатҳое, ки дар Шоҳроҳи абрешим қарор доранд, пешниҳод намоем ва дар якҷоягӣ гумон мекунам як асари хуби синамоӣ ба вуҷуд меояд»,-зикр кард Т. Раҳматуллоев.
«Атри кафан»- филмномаи дигари таърихиест, ки аз ҷониби Ҷамшед Раҳматов дар бораи қаҳрамонии Темурмалик ҳангоми ҳуҷуми Чингизхон ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, ба шаҳри Хуҷанд нақл мекунад. Филмнома хеле ҷолиб буда, аз ҷониби Шӯрои бадеии «Тоҷикфилм» пазируфта шудааст, вале ба навор гирифтани он заҳмат ва маблағи зиёд талаб мекунад. Ин мушкилотро ҳамсуҳбат ба рӯ овардани коргардонҳо ба филмномаҳои замонавӣ, ки ба навор гирифтанашон осон аст, вобаста медонад.
Бояд зикр намуд, ки дар даврони шӯравӣ аз ҷониби коргардонҳои барҷастаи тоҷик, ба монанди Тоҳир Собиров ва Борис Кимёгаров якчанд филмҳои таърихӣ рӯи навор омаданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро хуб истиқбол кард ва имрӯз ҳам онҳо аҳамияту шаҳомати худро гум накардаанд.  «Вақти он расидааст, ки мо ба таҳияи филмҳои таърихӣ оғоз намоем, зеро ҷавонони имрӯза аз  китобхонӣ дида, бештар ба тамошои филмҳо таваҷҷуҳ доранд. Ба ин восита мо метавонем ин қишри ҷомеаро тавассути кино бо таъриху тамадуни аҷдодонамон шинос намоем»,-гуфт номбурда.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким бахшидани соҳа як зумра барномаҳои давлатиро қабул намудааст. Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии соҳа «Барномаи рушди кино барои солҳои 2006 – 2010» ва «Барномаи рушди кино барои солҳои 2011- 2015» қабул гардидаанд. Дар ин давра як қатор корҳои назаррас, аз ҷумла, навсозии заминаи моддию техникии «Тоҷикфилм» анҷом ёфтанд. Моҳе қабл аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» қабул гардид.
Тавре муовини директори Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» Толиб Раҳматуллоев иброз дошт, барномаи мазкур самтҳои афзалиятнок, вазифа ва механизми татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи кино муқаррар намуда, барои баланд бардоштани сифати истеҳсол ва намоиши филмҳо шароит фароҳам меорад. Асоси ин барномаро истеҳсоли кинои ватанӣ ташкил медиҳад.
«Дар натиҷаи татбиқи он дар назар аст, ки 10 филми ҳунарӣ барои кинофестивалҳои байналмилалӣ, 9 силсилафилми ҳунарӣ, 15 филми мустанад вобаста ба сохтмонҳои аср ва шахсиятҳои маъруф, 10 филми кӯтоҳи бадеӣ, 8 филми аниматсионӣ, 5 силсилафилми аниматсионӣ, 10 филми кӯтоҳи омӯзишӣ аз ҷониби мактаби кинематографистони ҷавон офарида шуда, 25 филм тарҷума ва дубляж карда шавад»,-гуфт ҳамсуҳбат.
Боиси тазаккур аст, ки  солҳои охир саноати филмофарии тоҷик ба марҳилаи  нав ворид гардида, истеҳсол  ва мазмуну мундариҷаи филмҳо беҳтар гардид. Филмҳои  «Оинаи беҷило», «Гунҷишки сафед», «Хоби ҳамдуна»  ва «Муаллим» ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалиро соҳиб гардиданд. Ҳатто чанде пеш филми коргардони ватандӯсту соҳибзавқи тоҷик Ҷайҳун Насимӣ бо номи «Шикастнопазир» дар «Голливуд»- и ИМА ба навор гирифта шуда, пешниҳоди дӯстдорони кинои ҷаҳон гардид.
Аммо бо вуҷуди ин, камбудиҳо дар ин самт ҳанӯз ҳам ҷой доранд. Ба гуфтаи Т. Раҳматуллоев, нарасидани мутахассисон аз мушкилоти асосии соҳа мебошад. «Дар доираи барномаи мазкур ба нақша гирифтаем, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм донишҷӯёнро ба донишгоҳҳои кинематографии хориҷи мамлакат, аз ҷумла, Россия, Франсия, Италия ва Англия сафарбар намоем, то аз таҷрибаи пешқадам бархӯрдор гардида, ба ин восита барои рақобатпазир шудани кинои миллӣ саҳм гузоранд.
Мушкилии дигар кам будани филмномаҳои ҷолиб аст. Хушбахтона, бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 се мулоқоти кормандони «Тоҷикфилм» бо нависандагон-филмноманависони кишвар доир гардид, ки самараи хуб ба бор оварда истодааст.
Ба андешаи коршиносони соҳа, чанд марҳила ва мушкилии асосӣ  дар пеш аст, ки кинои тоҷик онҳоро бояд тай кунад. Мушкили аввал — ин прокати кино ё фурӯши он мебошад. Дар кинематография чунин қоидае роиҷ аст: филме, ки сохта мешавад, бояд маблағи дар истеҳсолоташ масрафшударо ҷуброн намояд. Яъне тавассути бозор ба тамошобин пешниҳод шавад ва ин маблағ барои истеҳсоли филмҳои дигар ё техника сарф гардад. Танҳо истеҳсоли филмҳои нав наметавонад рушди соҳаро таъмин намояд.
Филмҳое, ки дар  солҳои истиқлолият  офарида шудаанд, набзи  ҳаёти мардуми тоҷикро дар бар мегиранд ва дер ё зуд албатта, пешкаши тамошобинон мегарданд. Мутаассифона, филмҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм» аз ҷониби телевизионҳо барои намоиш харидорӣ намешаванд. Ҳамин аст, ки тамошобини тоҷик ба филмҳо дастрасӣ надорад. Дар кишварҳои дигар, масалан Россия  филмҳои истеҳсолшуда аз ҷониби шабакаҳои телевизионӣ харидорӣ мегарданд, то харҷи истеҳсоли он бароварда шавад ва имконият барои офаридани филми дигар муҳайё гардад.
Бояд иқрор шуд, ки кино як ҷузъи муҳими фарҳангро ташкил дода, муаррифи таъриху тамаддун ва инъикоскунандаи ҳаёти мардум ба шумор меравад. Тамошобини тоҷик ба филмҳое, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос менамоянду  масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро тасвир сохта, тарғибгари анъанаҳои миллӣ мебошанд, беш аз пеш ниёз дорад.
Муҳимияти масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, зимни пешниҳоди Паёми худ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чунин зикр карданд:  «Кинои тоҷик ба рушди ҷиддӣ ниёз дошта, филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос намуда, масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро тасвир созанд ва ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои неки халқамонро тарғиб кунанд, кам ба назар мерасанд. Бинобар ин, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқҳои эҷодӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ҷиҳати таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд».
Таъкидҳои Пешвои миллат оид ба масъалаи мавриди назар асоси воқеӣ дошта, ҳар чӣ зудтар амалӣ шуданашон муҳим, саривақтӣ ва заруру ногузир аст. Зеро дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо ба авҷи аълои худ расидаву гурӯҳҳои ифротгаро пайи ҷалби ҷавонон «камари ҳиммат» бастаанд, таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ба воситаи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ амри муҳиму зарурӣ ба шумор меравад.
 
Мавҷуда АНВАРӢ, 
АМИТ «Ховар»