«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ». Дар пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун доир гардид
20 декабр дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» доир гардид, ки дар вазъияти тантанавӣ ба 33 нафар ғолибони ҳамаи номинаю бахшҳо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмуни мазкур тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, сарояндагию овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдоду ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе равона гардидааст.
Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, вазорату идораҳо, иштирокчиёни озмуни мазкур ва ҳаводорони шеъру суруд ширкат намуданд.
Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз дошт, ки Душанбеи навин бо азму талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба симои расмии Ватани азизамон мубаддал гардида, тӯли чанд соли охир таҳти сарварии шаҳрдори ҷавонаш муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба пойтахти арзандаи дорои инфрасохтори мувофиқу муосири шаҳрдориву шаҳрнишинӣ табдил ёфт. Душанбе миёни пойтахт ва шаҳрҳои азими минтақа бо мақому манзалати миллӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуда, макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву иқтисодӣ, варзишӣ ва фарҳангиву маърифатӣ гардидааст.
Озмун миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, санъат ва мусиқии ҳудуди шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, эҷодкорони касбиву ҳаваскорон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ, фаъолият ва эҷод менамоянд баргузор гардид.
Он аз рӯйи номинаҳои «Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе», «Қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе», «Иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» ва «Иҷрои суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» гузаронида шуда, дар он довталабон аз рӯи категорияҳои аз 11 то 17-сола, аз 18-сола боло ва эҷодкорони касбӣ ширкат намуданд.
Зикр гардид, ки даври якуми озмун миёни қишрҳои ҷомеа ба таври оммавӣ баргузор гардида, дар даври дуюми (ноҳиявӣ) он 1278 нафар иштирок намуданд. Аз онҳо 160 нафар довталабон ба даври шаҳрӣ роҳхат пайдо намуда, 158 нафарашон дар сабқати ниҳоӣ ширкат варзиданд ва 33 нафар аз рӯйи ҳамаи номина ва бахшҳо ғолиб дониста шуданд.
АМИТ «Ховар»