«Эпилог»-и шабакаи телевизионии «Сафина» тарғибгари фарҳанги китобхонист. (Ба Рӯзи китоб бахшида мешавад)
«Онҳо оҳувони ҳанӯз ҷонашон набаромадаро сар мебуриданд. Он оҳувоне, ки маҷрӯҳ шуда буданд ва аз паси ӯ медавиданд, онҳоро низ мекуштанд. Вазифаи онҳо аз он иборат буд, ки онҳо оҳувони хуншорро аз пояшон гирифта, ба бордон партоянд. Аллакай бордон аз оҳувони кушташуда мисли як кӯҳ шуда буд. Набард хеле шадид идома дошт. Мошин миёни оҳувони девонагашта сахт ҳаракат мекард. Қотилон бо тир ба оҳувон ҳуҷум мекарданд, мекуштанд, нобуд мекарданд. Модагург ин ҳамаро аз масофаи дур тамошо карда, ба даҳшат омада буд. Гӯшҳои ӯ аз садои тирҳо кар шуда буданд, ҳеҷ садоро намешунид. Гӯё қиёмат қоим шуда буд…» Ин пораҳо аз романи «Қиёмат»-и Чингиз Айтматов ҳастанд, ки дар барномаи «Эпилог» аз шабакаи телевизионии «Сафина» садо доданд. Ва бо идомаи ин қисса, ба гуфтаи ровии ин барнома Фурқати Низом, тамошобин метавонад бо хондани ин асар ошно гардад.
Нависандаи франсуз Виктор Ҳюго гуфта буд: «Барои нобуд кардани як фарҳанг ниёзе нест, ки китобҳоро сӯзонед, кофист коре кунед, ки мардум онҳоро нахонанд». Дар ҳоли ҳозир бо пешрафти илму техника ва фановариҳои наву замонавӣ яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯз ин камтаваҷҷуҳии мардум, бахусус ҷавонон ба мутолиаи китоб аст. Баҳри ҷалби доираи васеи хонандагон ба китобу китобхонӣ Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» дар якҷоягӣ бо Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи «Эпилог»-ро ба роҳ мондаанд, ки ин барнома дар ҷалб ва рӯ овардани доираи васеи мардум ба китобу китобхонӣ нақши арзишманди хешро хоҳад гузошт.
«Мо ба бинанда намегӯем, ки китоб хонед, балки коре мекунем, то мардум, бинанда худ ба китобхонӣ рӯ оварда, китоб хонанд, ин ё он китобро ҷустуҷӯ кунанд. Мақсади барномаи «Эпилог» ҳам маҳз дар ҳамин аст. Мо дар барнома ҷойҳои ҷолиби китоб, воқеаҳоеро, ки барои хонанда, бинандаву шунаванда ҷолибанд, нақл мекунем. Ҷойҳои ҷолиби китобро мо ба таври нопурра ба самъи бинанда мерасонем ва дар як нуқтаи ҳалкунандаву ҷаззоби қисса ист мекунем. Мутолиаи давоми қиссаро ба худи тамошобин вомегузорем»,-мегӯяд ровии барнома Фурқати Низом.
Ба гуфтаи Фурқати Низом, аллакай барномаи «Эпилог» миёни бинандагон, алалхусус ҷавонон мавқеи хосса пайдо намудааст. Алоқамандон торафт бештар ба идораи барнома занг зада, истифодаи ин ё он китоби бадеиро ба таҳиягарони барнома тавсия медиҳанд. «Идеяи таҳияи ин гуна барнома аз ҷониби коргардони телевизиони «Сафина» пешниҳод шуд ва мо дар ҳамкорӣ бо ӯ ба таҳияи ин барнома пардохтем. Барномаи «Эпилог» дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад ва аксари барномаҳо дар Китобхонаи миллӣ сабт мегарданд»,-мегӯяд ровии барнома.
Фурқати Низом мақсади барномаро дар ҷалби ҷомеа, бахусус ҷавонон ба хондани китобҳои бадеӣ медонад. Чун, ба гуфтаи ӯ, имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки аксари сокинон аз китобу китобхонӣ рӯ гардонидаанд ва бештар ин раванд миёни ҷавонон ба чашм мерасад, ки омили нохушоянд аст. «Мо бештар мехоҳем, ки ҳангоми пешниҳоди барномаи худ, ба қавле, ба торҳои эҳсоси тамошобин нохун бизанем. Ва барои ҷалби бештари мардуми кишвар ҷиҳати ошноӣ пайдо кардан бо ин барнома ва рӯ овардан ба мутолияи китобҳо мо нақша дорем барномаро дар интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намоем, то нафарони зиёд имкони тамошои онро пайдо кунанд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи бузургон, ҳеҷ лаззате дар олам гуворотар аз лаззати китобхонӣ нест. Барномаи «Эпилог», навобаста ба таърихи кутоҳ фаъолияти 4- моҳаи худ, то имрӯз 50 китобро муаррифӣ кардааст. 50 асаре, ки пешниҳоди тамошобини тоҷик гардидаанд, метавонанд дар бедор гаштани шавқу рағбати китобхонӣ миёни хонандаи тоҷик нақши назаррас гузоранд.
Шаҳлои САДРИДДИН
АМИТ "Ховар"