«ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оғоз ёфт

Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 5 сентябр маросими ифтитоҳи расмии Мусобиқаи 13-уми байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин  мусобиқаи байналмилалӣ 54 варзишгар аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода сухан гуфта, меҳмонону варзишгаронро хайрамақдам намуданд. Ҳамзамон аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ёдовар шуданд.

Мусобиқаи мазкур то 9 сентябр идома ёфта, ғолибону ҷоизадорон бо мукофотҳои арзишманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадршиносӣ мегарданд.