Александр Лукашенко барои иштирок дар ҷаласаи СААД ба Тоҷикистон омад
Нашр шуд. Душ, 14/09/2015 - 18:10
Бегоҳии имрӯз Президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон ташриф овард. Ӯ фардо, 15 сентябр дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок хоҳад кард.
Президенти Беларус Александр Лукашенкоро дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 15 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СААД доир мегардад. Давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аъзои ин созмон мебошанд.