Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2024

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2024 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва қишрҳои дигари ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯйӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2024 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 4 085 000 (чор миллиону ҳаштоду панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.

6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
1 январи соли 2024
№АП-481

Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 1 » январи соли 2024, №АП-481

Низомномаи

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» (минбаъд — Озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад.

2. Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тақсимот ба ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.

3. Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад:

— математика (арифметика, алгебра, геометрия);

— физика ва астрономия;

— химия;

— биология (ботаника, зоология, анатомия);

— география;

— технологияи иттилоотӣ;

— ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

4. Сарпарасти Озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. Масъулони баргузории Озмун Академияи миллии илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ ва Саридораи геология мебошанд.

6. Кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва нашрияҳои давлатӣ дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории Озмун иштирок мекунанд.

7. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даврҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун масъул буда, ғолибон, омӯзгорон ва волидайни онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.

8. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ва дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ роҳбарони онҳо масъули ташкил ва баргузории Озмун мебошанд.

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

9. Барои гузаронидани Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» комиссияи ҷумҳуриявӣ (минбаъд-комиссияи Озмун) таъсис дода мешавад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

10. Ваколати комиссияи Озмун:

— таҳияи ҷадвали баргузории Озмун ва назорати он;

— тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба Озмун;

— муайян намудани ҷойи баргузории даври сеюми Озмун дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

— тасдиқи ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми Озмун;

— гузаронидани семинарҳои машваратӣ барои ҳайати ҳакамон ва масъулони гузаронидани Озмун дар тамоми даврҳо;

— назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони Озмун;

— омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни Озмун ба даври чорум;

— таъсиси комиссияи аппелятсионӣ;

— баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён;

— тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони Озмуни даври сеюм ва чорум;

— ҷамъбасти натиҷаи ниҳоӣ ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ва шиносоӣ.

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

11. Озмун аз чор давр иборат буда, моҳҳои апрел — октябр ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

— даври якум — моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо;

— даври дуюм – нимаи дуюми моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо;

— даври сеюм — нимаи дуюми моҳи сентябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

— даври чорум — даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюми Озмун моҳи октябр дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм баргузор мегардад.

12. Протоколи ҳайати ҳакамони даври сеюм ба даври чорум бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва раиси ҳакамон ба комиссияи Озмун пешниҳод мешавад.

13. Ҷойи баргузории даврҳои якуму дуюм ва сеюми Озмун дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ аз тарафи роҳбарони онҳо муайян карда мешавад.

14. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ вогузор карда мешавад.

15. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми Озмун тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш мегарданд. Ҷараёни баргузории даври чорум пурра тавассути телевизионҳои давлатӣ сабт ва намоиш дода мешавад.

16. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи Озмун то 1-уми октябр муқаррар карда мешавад. Дар ҳар як даври Озмун 6 ғолиб: ҷойҳои якум – 1 нафар, дуюм — 2 нафар ва сеюм — 3 нафар муайян карда мешавад.

17. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти вай) метавонад шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида шавад.

18. Академияи миллии илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио масъули раванди гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони даври чоруми Озмун мебошанд.

5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

19. Дар Озмун шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.

20. Шартҳои ташкил ва баргузории Озмун аз ҷониби комиссияи Озмун назорат карда мешавад.

21. Довталаб 10 рӯз пеш аз оғози Озмун санадҳои зеринро бо ариза ба комиссияи Озмун пешниҳод менамояд:

— маълумотномаи ягонаи довталаб (мувофиқи шакли аз ҷониби котиботи Озмун пешниҳодшуда);

— тарҷумаи ҳол (шакли тасдиқшудаи намунаи он аз ҷониби Академияи миллии илмҳо пешниҳод мешавад);

— 4 дона сурати 3х4;

— маълумотнома аз макони зист ё ҷойи таҳсил;

— маълумотнома доир ба ихтисос, патент ва ё шаҳодатномаи муаллифӣ (барои ихтироъкорон ва навоварон).

22. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо комиссияи қабули ҳуҷҷатҳои довталабони Озмунро таъсис дода, як нафарро ба таври ҳатмӣ котиби масъул таъин менамоянд. Котибони масъули комиссияҳои қабул ҳуҷҷатҳои довталабонро санҷида, дар асоси санад онро ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунанд. Котиби масъули комиссия суроға, рӯз ва ҷойи баргузории Озмунро ба довталабон тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамояд.

23. Ғолиби даври чоруми Озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардидааст, то се сол дар Озмун ва минбаъд дар номинатсияи ғолибомадааш ҳуқуқи иштирок карданро надорад.

24. Барои иштирок дар даври чоруми Озмун ба комиссияи Озмун иловатан ҳуҷҷатҳои зерин дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешаванд:

— маълумоти мухтасар дар бораи довталаб;

— нусхаи патент ва ё шаҳодатномаи муаллифӣ;

— номгӯи дастгоҳ ва таҷҳизоти ихтироъшуда;

— пешниҳодҳои хусусияти навоваридошта;

— протоколи даври сеюми Озмун.

6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

25. Донишу истеъдоди иштирокчиёни Озмун аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, дуруст фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастоварди илмӣ ва навовариҳо муайян карда мешавад. Агар иштирокчӣ хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар даврҳои якуму дуюм ва сеюм ба қайд гирифта шуда бошад ва дар даври чорум донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шуда бошад, ҳамчун хонанда дар даври чорум иштирок мекунад.

26. Як шахс танҳо дар як номинатсия аз номи як муассиса ё маҳалли зист дар Озмун иштирок карда метавонад.

7. МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

27. Вобаста ба номинатсия пешниҳоди супоришҳои Озмун (10 супориш ё саволу масъала) дар шакли зерин сурат мегирад:

— дар математика 40% назариявӣ ва 60% амалӣ;

— дар физика ва астрономия 50% назариявӣ ва 50% амалӣ-озмоишӣ (бо таносуби 80% физика ва 20% астрономия);

— дар химия 40% назариявӣ, 40% хаттӣ-амалӣ ва 20% озмоишӣ;

— дар биология 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;

— дар география 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;

— дар технологияи информатсионӣ 20% назариявӣ ва 80% амалӣ;

— дар ихтироъкорӣ ва навоварӣ аз рӯйи пешниҳоди ихтироот ва навоварӣ, аз ҷумла дастгоҳу таҷҳизот, техникаву технология, навъу намунаҳои нави зироат, дарахту буттаҳо ва маводи доруворӣ.

28. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба дониш, маҳорат ва малакаи довталабон аз ҷониби комиссияи Озмун ҷадвали 100-хола (ба ҳар савол ё супориш то 10 хол) муқаррар карда шуда, ҳайати ҳакамони Озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:

— барои ба пуррагӣ ҷавоб додан ба саволҳои назариявӣ, дуруст пешниҳод намудани қонуну қоидаҳо, назарияҳо, теорема ва аксиомаҳо, моҳияти ҳодисаҳои табиат, дуруст ҳал кардани мисолу масъалаҳо, пурра анҷом додани корҳои озмоишӣ то 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар то 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар то 4 хол, барои ҷавоби миёна то 3 хол, барои ҷавоби заиф то 2 хол гузошта шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол дода намешавад;

— барои ихтироъкорон то 100 хол ба ихтирооте дода мешавад, ки он бо патент (ё шаҳодатномаи муаллифӣ)-и байналмилалии ташкилотҳои эътирофгардида ва ё ҷумҳурӣ ҳифз шудааст, дар истеҳсолот ҷорӣ гардидааст ё имкони ҷорӣ шуданро дорад, самаранокии иқтисодиаш муайян гардидааст, унсурҳои навоварӣ мавҷуд буда, натиҷаи тиҷороатикунонии он пешниҳод шуда бошад. Баҳои то 80 хол ба ихтирооте дода мешавад, ки дар он хусусиятҳои навоварӣ мавҷуд аст, имкони дар истеҳсолот ҷорӣ шуданро дорад, самаранокии иқтисодиаш муайян гардидааст, вале бо патент тасдиқи худро наёфтааст. То 60 хол барои ихтирооте дода мешавад, ки дар он унсурҳои навоварӣ ҷой доранд, то 50 хол барои сохтани конструксияҳои муайян, ки унсурҳои навоварӣ надорад, дода мешавад. Барои намунаҳои дастовардҳои аллакай мавҷуда то 30 хол дода мешавад;

— барои иштирок дар даври сеюм ва чорум дар номинатсияи ихтроъкорӣ ва навоварӣ байни донишҷӯён, ходимони илмӣ ва намояндагони касбу кори гуногун дар сурати набудани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ (патент, нахустпатент, патенти авруосиёгии муаллифи ихтироъ) иҷозат дода намешавад;

— саволҳои назариявӣ дар шакли хаттӣ ба иштирочиён пешниҳод карда мешаванд;

— барои ҷавоби пурра додан ба саволи назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ва сохтани барномае, ки масъалаи додашударо пурра ҳал намояд ва пешниҳоди натиҷаҳои саҳеҳ то 10 хол дода мешавад. Барои ҷавобҳо ба саволҳои назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ва сохтани барномае, ки масъалаи додашударо ҳал намояд, то 8 хол, барои ҷавобҳо ба саволи назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ё сохтани барномае, ки масъалаи додашударо ҳал намояд то 6 хол, барои ҷавоб ба саволи назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ё сохтани барнома то 4 хол, барои ҷавоб танҳо ба саволи назариявӣ то 2 хол дода мешавад;

— холи натиҷавии ба дастовардаи иштирокчиён дар асоси ҳисоби қимати миёнаи холи гузоштаи ҳар як узви ҳайати ҳакамон муайян карда мешавад;

— дар сурати аз 70% кам ба даст овардани холҳо дар номинатсия ҷойи якум дода намешавад.

8. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН

29. Шумора ва ҳайати ҳакамонро комиссияи Озмун муайян мекунад.

30. Ҳайати ҳакамони Озмун дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо корҳои зеринро иҷро мекунанд:

— тибқи пешниҳоди комиссияи Озмун донишу истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ мекунанд;

— холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамоянд;

— натиҷаи Озмун дар протокол дарҷ гардида, бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ карда мешавад.

31. Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, олимону муҳаққиқон ворид мешаванд.

32. Шахсе, ки шогирд ё узви оилаи ӯ дар Озмун иштирок мекунад, ҳуқуқи ба ҳайати ҳакамон шомил гардиданро надорад.

33. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври сеюм ва чорум дар комиссияи Озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.

34. Комиссияи Озмун дар ҳолати ҷавобгӯй набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад. Ҳамчунин, дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоте, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, комиссияи Озмун ваколати ҳалли онро дорад.

35. Ҳайати ҳакамони даври ниҳоии Озмун бо инобати мутахассисон аз ҳамаи муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии соҳавии кишвар таъин карда мешаванд.

9. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД БАРОИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА

36. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабе роҳ дода мешавад, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи якумро сазовор гардидааст.

37. Агар барандаи Шоҳҷоиза намоянда аз табақаҳои касбу кори гуногун бошад, бо пешниҳоди комиссияи Озмун бо тартиби муқарраргардида бо мукофоти соҳавӣ сарфароз гардонида мешавад.

10. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

38. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм, сеюм, таъмини сафархарҷӣ ва будубоши ҳайати ҳакамон дар ин даврҳои Озмун, хароҷоти вобаста ба сафарбаркунӣ ва будубоши ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми Озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.

39. Ғолибони даврҳои якум, дуюм, сеюми Озмун ва омӯзгорону волидони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

40. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ғолибони даврҳои якум, дуюм ва сеюми Озмунро бо мукофотҳо сарфароз мегардонанд.

41. Ба ғолибони даври чоруми Озмун ва барандаи Шоҳҷоиза тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

42. Ҷоиза ва мукофоти пулии ғолибони Озмун ва омӯзгорони онҳо дар маросими тантанавӣ аз ҷониби аъзои комиссияи Озмун ва дигар шахсони расмӣ супорида мешавад.

43. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои Озмун ва омӯзгорони онҳо, ҷалби сарпарастон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

44. Иштирокчиёни ҷойҳои 4, 5, 6 даври чоруми Озмун бо нишони «Илм ва инноватсия» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо сарфароз гардонида мешаванд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Академияи миллии илмҳо таҳия ва тасдиқ менамояд.

45. Падару модароне, ки фарзандони онҳо миёни гурӯҳи донишҷуён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо мегарданд.

46. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), ки шогирдони онҳо дар даври чоруми Озмун барандаи Шоҳҷоиза ва сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

11. ИМТИЁЗҲО

47. Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.

48. Иштирокчиёни даври чоруми Озмун (хонандагони синфи 11) дар соли ҷорӣ ба ихтисосҳои фанҳои риёзӣ, дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибон ва иштирокчиёни даври чоруми Озмунро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.

49. Омӯзгороне, ки шогирдонашон дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 мегарданд, соҳиби унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» мегарданд.

50. Академияи миллии илмҳо протокол ва санадҳои ғолибони Озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупоранд.

Замимаи 2
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 1 » январи соли 2024, №АП-481

Ҳайати

комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) – раиси комиссияи Озмун;

президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – муовини раиси комиссияи Озмун;

вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини раиси комиссияи Озмун;

ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ – котиби комиссияи Озмун.

Аъзои комиссия:

сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;

ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.

Замимаи 3
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 1 » январи соли 2024, №АП-481

Ҷоизаҳои
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

1. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ (бо сомонӣ)

1.1. Номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия)

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45000
Ҳамагӣ 6 130 000

1.2. Номинатсияи физика ва астрономия

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

1.3. Номинатсияи химия

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

1.4. Номинатсияи биология (ботаника, зоология, анатомия)

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

1.5. Номинатсияи география

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

1.6. Номинатсияи технологияи иттилоотӣ

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

1.7. Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000
 

2. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ)

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ (бо сомонӣ)

2.1. Номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия)

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45000
Ҳамагӣ 6 130 000

2.2. Номинатсияи физика ва астрономия

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

2.3. Номинатсияи химия

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

2.4. Номинатсияи биология (ботаника, зоология, анатомия)

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

2.5. Номинатсияи география

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

2.6. Номинатсияи технологияи иттилоотӣ

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

2.7. Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000
 
 
 
3. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
 

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

3.1. Номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия)

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

3.2. Номинатсияи физика ва астрономия

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

3.3. Номинатсияи химия

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

3.4. Номинатсияи биология (ботаника, зоология, анатомия)

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

3.5. Номинатсияи география

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

3.6. Номинатсияи технологияи компютерӣ

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000

3.7. Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000
 

4. Ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун

4.1. Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

1.

Ҷойи якум 35 000 1 35 000

2.

Ҷойи дуюм 25 000 2 50 000

3.

Ҷойи сеюм 15 000 3 45 000
Ҳамагӣ 6 130 000
Ҷамъи иштирокчиён 132 нафар

5. Шоҳҷоиза барои ихтироъкорон ва навоварон

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

    70 000 1 70 000
 

6. Омӯзгорони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ (бо сомонӣ)

Номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия)

1.

Ҷойи якум 10 000 1 10 000

2.

Ҷойи дуюм 10 000 2 20 000

3.

Ҷойи сеюм 10 000 3 30 000
Ҳамагӣ 6 60 000

Номинатсияи физика ва астрономия

1.

Ҷойи якум 10 000 1 10 000

2.

Ҷойи дуюм 10 000 2 20 000

3.

Ҷойи сеюм 10 000 3 30 000
Ҳамагӣ 6 60 000

Номинатсияи химия

1.

Ҷойи якум 10 000 1 10 000

2.

Ҷойи дуюм 10 000 2 20 000

3.

Ҷойи сеюм 10 000 3 30 000
Ҳамагӣ 6 60 000

Номинатсияи биология (ботаника, зоология, анатомия)

1.

Ҷойи якум 10 000 1 10 000

2.

Ҷойи дуюм 10 000 2 20 000

3.

Ҷойи сеюм 10 000 3 30 000
Ҳамагӣ 6 60 000

Номинатсияи география

1.

Ҷойи якум 10 000 1 10 000

2.

Ҷойи дуюм 10 000 2 20 000

3.

Ҷойи сеюм 10 000 3 30 000
Ҳамагӣ 6 60 000

Номинатсияи технологияи иттилоотӣ

1.

Ҷойи якум 10 000 1 10 000

2.

Ҷойи дуюм 10 000 2 20 000

3.

Ҷойи сеюм 10 000 3 30 000
Ҳамагӣ 6 60 000

Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

1.

Ҷойи якум 10 000 1 10 000

2.

Ҷойи дуюм 10 000 2 20 000

3.

Ҷойи сеюм 10 000 3 30 000
Ҳамагӣ 6 60 000
Ҷамъи омӯзгорон 42 нафар  

7. Омӯзгорони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ)

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ (бо сомонӣ)

Номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия)

1.

Ҷойи якум 10 000 1 10 000

2.

Ҷойи дуюм 10 000 2 20 000

3.

Ҷойи сеюм 10 000 3 30 000
Ҳамагӣ 6 60 000

Номинатсияи физика ва астрономия

1.

Ҷойи якум 10 000 1 10 000

2.

Ҷойи дуюм 10 000 2 20 000

3.

Ҷойи сеюм 10 000 3 30 000
Ҳамагӣ 6 60 000

Номинатсияи химия

1.

Ҷойи якум 10 000 1 10 000

2.

Ҷойи дуюм 10 000 2 20 000

3.

Ҷойи сеюм 10 000 3 30 000
Ҳамагӣ 6 60 000

Номинатсияи биология (ботаника, зоология, анатомия)

1.

Ҷойи якум 10 000 1 10 000

2.

Ҷойи дуюм 10 000 2 20 000

3.

Ҷойи сеюм 10 000 3 30 000
Ҳамагӣ 6 60 000

Номинатсияи география

1.

Ҷойи якум 10 000 1 10 000

2.

Ҷойи дуюм 10 000 2 20 000

3.

Ҷойи сеюм 10 000 3 30 000
Ҳамагӣ 6 60 000

Номинатсияи технологияи иттилоотӣ

1.

Ҷойи якум 10 000 1 10 000

2.

Ҷойи дуюм 10 000 2 20 000

3.

Ҷойи сеюм 10 000 3 30 000
Ҳамагӣ 6 60 000

Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

1.

Ҷойи якум 10 000 1 10 000

2.

Ҷойи дуюм 10 000 2 20 000

3.

Ҷойи сеюм 10 000 3 30 000
Ҳамагӣ 6 60 000
Ҷамъи омӯзгорон 42 нафар  

Хароҷоти иловагӣ

Хароҷот

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1.

Омода кардани ҷомҳои Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум дуюм, сеюм ва «Диплом»-и ғолибони Озмун ва хароҷоти дигар 315 000

 

(сесаду понздаҳ ҳазор)

Маблағи умумӣ

Ҷоиза ва хароҷот

Шумораи умумӣ

Маблағи умумӣ (бо сомонӣ)

1.

Барои ҷоизаҳо ва Шоҳҷоиза 132 + 1 2 930 000

2.

Барои омӯзгорон 84 840 000

3.

Омода кардани ҷомҳои Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва «Диплом»-и ғолибони Озмун ва хароҷоти дигар

315 000
Ҳамагӣ   4 085 000