Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон зеботарин сарзамин буда, бо кӯҳҳои сарбаафлок, обҳои ширину мусаффо ва табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад»
Тавре қаблан иттилоъ додем, имрўз, 24 октябр Рўзи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» аз нахустин ташрифи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон, ки 11 июни соли 2017 бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» (12 июни соли 2017) амалӣ гардид, ёдовар мешавад.
11 июни соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.
«Яке аз мақсадҳои рушди устувор масъалаҳои марбут ба об ва экология дар сатҳи минтақаву ҷаҳон аст, ки дар ҳалли он ташаббусҳои Тоҷикистон ва Сарвари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳиму саривақтӣ мебошанд», — ин суханонро Антониу Гутерриш дар Душанбе пас аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт.
Ба маълумоти Дабири кулли СММ, дар мулоқот бо Президенти мамлакат ба масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ байни СММ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои гуногун, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазъи мураккаби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.
«Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ таҳия ва қабул шудааст, бо мақсадҳои рушди устувор пурра мутобиқ карда шудааст ва намояндагони СММ барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидани он мусоидат хоҳанд намуд»,-афзуд Дабири кулли СММ.
Антониу Гутерриш дар Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» иштирок ва суханронӣ намуд.
Баъди иштирок дар Ҳамоиши махсуси сатҳи баланд таҳти унвони «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» 12 июни соли 2017 Антониу Гутерриш, коршиносону донишмандон ва дигар намояндагони ниҳодҳои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ба мавзеи зебоманзари кӯли Сарез, ки дар он захираҳои бузурги оби тозаи ошомиданӣ мавҷуд аст, рафтанд. Дар ин ҷо пешниҳод ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби мусаффои кӯли Сарез барои кишварҳои минтақа муаррифӣ карда шуд.
Бояд гуфт, ки барои таъмини қисми зиёди аҳолии давлатҳои минтақа бо оби ошомиданӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буданд, ки аз кўли Сарез оби тозаи ошомиданӣ ба эҳтиёҷмандони давлатҳои поёноб интиқол дода шавад. Амалӣ шудани ин пешниҳод метавонад, шиддати норасоии оби нўшокиро барои миллионҳо нафар сокини давлатҳои поёноб аз байн барад. Ин кўли дар тамоми дунё машҳур дар маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар баландии 3261 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида аст. Соли 2011 садсола шуда, 17 км3 оби тозаи ошомиданӣ дорад.
Ҳангоми шиносоӣ бо табиати нотакрори кӯли Сарез, имконоти васеи захираҳои об ва таърихи пайдоиши он Антониу Гутерриш Тоҷикистонро сарзамини зеботарини ҷаҳон маънидод карда, аз ҷумла таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбаафлок, қуллаҳои барфпўш, обҳои ширину мусаффо ва табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир месозад.
«Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин мамлакати зебо ва табиати нотакрор доред», — иброз дошт Антониу Гутерриш. Сипас, ў ва ҳайати ҳамроҳ ба мавзеи Паткнови ноҳияи Дарвоз ташриф оварда, аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли оҳангарӣ, табақтарошӣ ва кулолгарӣ дидан намуданд. Дар ин ҷо ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид расми дар қолин нақошӣ шудаи ӯ, ки бо ороишоти миллӣ зиннат бахшида шудааст, ҳамчун хотира аз Тоҷикистон тақдим гардид.Ҳамчунин дар ин мавзеъ фаъолияти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар самти пешгирӣ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла пешгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир фаъолияти пурсамар дошта, барои муборизаи муштарак ҷиҳати аз байн бурдани чунин хатарҳо кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 расман шомили бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ-СММ гардида, дар давоми 30 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳими худро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тавассути ин созмони калидӣ амалӣ намудааст. Имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро мамлакати ташаббускор дар самти ҳалли мушкилоти обии сайёра мешиносад ва иқдомҳои онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Тоҷикистон мамлакати кўҳсори дорои пиряхҳои бузург, дарёҳои пуртуғён, кўлҳои зебо, захираҳои оби ширин ва мўъҷизаи дар олам машҳури табиат-кўли Сарез мебошад. Бинобар ин, барои ҷумҳурии мо ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об яке аз афзалиятҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Хотиррасон мешавем, ки ин нахустин сафари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз нақш ва мавқеи сазовори ҷумҳурии мо бо ташаббусҳои муҳиму саривақтии сатҳи ҷаҳонӣ дар Созмони Милали Муттаҳид шаҳодат медиҳад.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, ки бо саҳмгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешаванд, муҳиму башардўстона маънидод намуд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»