Анъана ва таомули неки ду миллат заминаҳои бунёдӣ доранд
Дастгириҳои ҳамдигар ва равобити дўстии муштарак асоси решаҳои таърихии ин ду миллати куҳанбунёду ҳамҷавор буда, тули асрҳои зиёд аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Мусаллам аст, ки ташаккулёбии меҳру муҳаббат ва эҳсосу арзишҳои олии тоҷикону ўзбеконро на танҳо муҳити ҷуғрофӣ, балки анъанаву таомул ва дини ягона хеле наздику решапайванд кардааст. Агар ба таърихи гузаштаи ин ду миллати пурсаодат каме дуртар назар афканем пайдост, ки шахсиятҳои бузурги илму адаб ва фарҳангии онҳо бароямон осори баландмазмуну гаронбаҳоеро чун мерос гузоштаанд, ки воқеан ҳам сармояи маънавии пурарзиши халқҳои мо мебошанд. Табиист, ки дар сархати тақвияти ин гуфтаҳо пеш аз ҳама Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор дошта, ҳикмати волои «бузургонро бузургон зинда медоранд»бори дигар воқеияти аслии худро дар амал пайдо намуд. Агарчи моҳияти аслии ин мантиқро дар роҳи ҳаёти тайкардаи ин ду мутафаккири суханвар имрўзҳо пайдо намудаву то ба имрўз аҳамияти бунёдӣ доштанашонро эҳсосу дарк намоем, вале дар ин ҷо мухотаби аслии масоили мавриди назар ин ана ҳамон мактаби хирадсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки шаҳди марҳилаҳои қависозияшро тавассути рушди муносибатҳои навини кишварҳои ҳамҷавор бори дигар бо ду чашми сар дидему ба эътибори волояш санои бешумор низ гуфтем...
Дар ин самт яке аз иқдомҳои башардўстонае, ки дар таҳкими муносибатҳои дўстии миллатҳои тоҷику ўзбек заминаҳои воқеӣ гузошт, ин номгузорӣ намудани як гушаи зебои пойтахт бо номи Алишери Навоӣ, инчунин пайкараи ду шоир ва мутафаккири барҷастаи номвар, нишони баланди қадршиносии Ҳукумати мамлакат нисбат ба осору мероси ин ду орифи доно ва дар маҷмўъ тамоми миллати ўзбек мебошад. Воқеан ҳам, миллати тоҷик аз қадим бо фарзандони некрой ва мутафаккирони соҳибфазлаш ифтихор мекард ва ба кору пайкорашон арҷу эҳтиром мегузошт. Агар чунин ифодаҳои мантиқиро дар симои чанде аз фарзонафарзандони миллати тоҷик эҳсосу дарк намоем, пас беихтиёр бо зикри махсус ёдовар шудан ба маврид аст, ки “корномаву рӯзгор ва фаъолияти созандаву намунавии Пешвое чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинатафзойи саҳифаҳои таърихи минбаъдаи ин ду миллати ҳамҷавору соҳибфазл хоҳад шуд”. Албатта тавсеаи муносибатҳои дуҷониба дар заминаи татбиқи сафарҳои давлатии ҷавобии тарафайн бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошад, ки равобиту ҳамкориҳои сифатан навро дар ҳама самтҳои муҳими хоҷагии халқ бозкушоӣ намуданд. Тақвияти воқеии омилҳои мазкур, ин ба имзо расидани як қатор созишномаҳои муштарак, намоишгоҳи маҳсулоти саноатии кишварҳо, барномаи фарҳангии Шоми дўстии ҳар ду давлат, барқарор созии роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ, инчунин фаъолияти назарраси Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ўзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва боз як қатор санадҳои муҳими дигар аз шумули сананадҳои арзишманде ҳисобида мешаванд, ки амалинамоии онҳо дар таҳкими риштаҳои дўстӣ ва арзишҳои ҳамсоядории ду халқи кўҳанбунёдт заминаи мустаҳкаму устовор хоҳад гузошт. Муҳимтар аз ҳама, санаи 17 августи соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев “Барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмини муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақаи мо” Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, рўзи 10 июни соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари кишвари дӯсту бародар муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Барои хизматҳои шоён ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Албатта чунин эътибору қадршиносии арзанда, нуфузу манзалати тоҷиконро бори дигар дар симои Пешвояш чун Эмомалӣ Раҳмон ба сифати миллати дорои фарҳанги баланду соҳибтамаддун афзунтару пурқувватар менамояд, зеро риояи пос доштани чунин арзишҳои суннатиро таърихи давлатдории навинамон бо таваҷҷуҳ ба ду даҳсолаи соҳибистиқлолии кишвар бори нахуст сабти ном карда, ин дастоварду комёбиро ҳам боиси фахру ҳам боиси шарафи ҷаҳонии миллату давлати тоҷикон унвон хоҳад кард. Бо итминону сарфарозӣ метавон афзуд, ки натичаи чунин комёбиву ташаббусҳои созанда, тулуи офтоби меҳру муҳаббати дўстии халқҳои тоҷику ўзбекро ба таври ҳамешагӣ пойдору устувор нигоҳ дошта, таҷрибаи пешқадами мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пос доштани арзишҳои неки дўстию рафоқат ва хоксориву фурўтанӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир намунаи ибрати ҳамагон хохад шуд.
Каримзода Ҳақназар Изатулло,
муовини директори
Академияи ВАО-и Тоҷикистон