Анҷоми сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов
Имрӯз сафари расмии Президенти Туркманистон дар Тоҷикистон идома ёфт. Дар доираи сафар Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзараҳои нотакрори кишвари биҳиштосои мо дар ноҳияи Варзоб ва боғи пур аз гулу дарахтони нодири Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.
Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Ба меҳмони олиқадр намунаи гулҳои ороишӣ ва буттаву дарахтони гуногун, сабзавоту меваҳои тару тоза ва шаҳдбори Тоҷикистон, хушкмеваҳо, нону кулчаҳо, анвои дигар ва таъомҳои хушлаззати миллӣ намоиш дода шуд, ки писанди меҳмонон гардид.
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ дар фазои орому босубот ҳаловат бурданд.
Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор. Мавриди зикр аст, ки меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хосиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, Тоҷикистон дар олам ҳамчунин бо таъомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст.
Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, қаноатманд шуд.
Ҳамин тавр сафари расмии Президенти Туркманистон дар Тоҷикистон анҷом ёфта, Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов аз шаҳри Душанбе ба Ашхобод баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд ва расму оини аҷдодии хоси меҳмоннавозии тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Туркманистон бо ҳайати бонуфузи расмии кишвараш рӯзҳои 2 ва 3 ноябр бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.
Зимни ин сафари бобарор Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони воломақоми Тоҷикистон суҳбату мулоқотҳои самимию созанда доир кард.
Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, сохтмону саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд. Акнун шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон ба беш аз 70 адад расид.
Яке аз санадҳои пурарзиши муносибатҳои ду кишвар, ки аз ҷониби Сарони давлатҳо ба имзо расид, Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ мебошад. Татбиқи самараноки санадҳо барои Тоҷикистону Туркманистон боманфиату судовар хоҳад буд ва баҳри таҳкиму густариши муносибатҳои деринаи дӯстӣ заминаи боэътимод мегузорад.