Ба сокинони аз заминларза осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кумакҳо расиданд
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба сокинони аз заминларза осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кумак расонид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти мазкур хабар медиҳад.
Кумаки ба зарардидагони заминларза расида аз 100 тонна семент ва 5 тонна маводи хӯрокворӣ иборат буд.
Изҳор гардид, ки мақомоти шаҳри Панҷакент, ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳр минбаъд низ барои бартараф намудани оқибати заминларза ба онҳо дасти мадад дароз мекунанд.
Ҳоло дар деҳаи Палдорак барои сокинони манзилашон осебдида хаймаҳо устувор карда шуда, онҳо бо тамоми маводи зарурӣ таъмин гардидаанд. Бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бо ташаббуси роҳбарияти ноҳияи Мастчоҳ ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кумаки мардуми Мастчоҳ расид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ, кумаки мазкур аз 18 тонна маҳсулоти сохтмонӣ ва озуқаворӣ, аз ҷумла 6 тонна семент, 300 дона шифер, 4 кубометр чӯбу тахта, 500 кг биринҷ, 600 литр равған, беш аз 300 кг макарон, 500 кг сабзӣ ва 500 кг пиёз иборат буд.
Дар ин кори хайр соҳибкорон, ходимони дин, масҷидҳои ҷомеъ ва ашхоси саховатпешаву хайрхоҳи ноҳия саҳм гузошт.
Инчунин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба сокинони аз заминларза зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кумаки башардӯстонаи иборат аз 1 тонна орд, 2 тонна биринҷ, 1 тонна сабзӣ, 1 тонна пиёз, 100 килограмм гӯшт, 500 литр равған ва дигар ашёи зарурӣ дастрас карда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба сокинони Мастчоҳи Кӯҳӣ қатори мошинҳо бо хишти бетонӣ ҳамчун кумаки инсондӯстона фиристода шуд.