Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Нимаи дуюми рӯзи 1 декабр дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ намоиши экспонатҳои таърихии онро тамошо карда, дар интиҳои боздид дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек баҳри шукуфоии ҳар чи бештари Ҷумҳурии Беларус ва саодатмандии мардуми ин кишвар соядаст гузоштанд.
Бо ҳамин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус ба анҷом расид.
Баъди иштирок дар Ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва анҷоми сафари корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Минск ба Ватан баргаштанд.