Боздиди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи миллии Шинҷуку (Shinjuku Gyoen National Garden)
Рӯзи 5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Япония дар шаҳри Токио аз Боғи миллии Шинҷуку боздид ба амал оварданд.
Боғи Шинҷуку бо якчанд боғи дигар дар ҳудуди шаҳрҳои Шинҷуку, Сибуя ва Токио ҷойгир аст. Он соли 1906 дар ҷойи бӯстонсаройи Даимё-Наито, ки асрҳои пеш барои истифодаи шахсии император бунёд шуда буд, таъсис ёфт.
Масоҳати умумии боғ 58,3 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо беш аз 100 ҳазор дарахт, аз ҷумла 1300 навъи сакура парвариш меёбад. Дар фасли шукуфтанҳо боғи Шинҷуку макони дӯстдоштаи сайру сайёҳати сокинону сайёҳон мегардад.
Он ба се қисм — японии анъанавӣ, франсузӣ ва боғи англисӣ тақсим шуда, дар боғи ботаникӣ навъҳои хеле зиёди растаниҳои тропикӣ ҷамъоварӣ гардидаанд. Дар ин ҷо навъҳои нодири платан ва дарахтони лола парвариш меёбанд.
Дар фасли баҳор олу, магнолияи сафед ва сакураҳо, дар тирамоҳ савсанҳои нилӣ ва дарахтони зайтун гул мекунанд.
Боғи миллии Шинҷуку яке аз боғҳои машҳури Токио ба шумор рафта, онро нигини санъати боғпарварии давраи Мейдзӣ меноманд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамошои боғ таассуроти нек бардошта, ба коргарону масъулони боғ барои парвариши ниҳолҳои нодиру зебо баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат аз гӯшаву канори олам, аз кишварҳои хориҷӣ навъҳои гуногуни дарахтони сояафкану ороишӣ барои корҳои ободонӣ, сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ва боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ворид карда мешаванд.
Қариб дар ҳама фаслҳои сол кӯчаву хиёбонҳои пойтахт бо гулу буттаҳои рангоранг ва ороишӣ, инчунин дарахтони ба саломатии инсон фоидаовар оро дода мешаванд.
АМИТ «Ховар»