Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои калонтарини саноатӣ шинос шуда, бо сохтмончиён мулоқот карданд.
Нахуст дар намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти сохтмонии корхонаҳо шинос шуда, зимни суҳбат бо намояндагони ширкатҳо онҳоро ба истеҳсоли молҳои босифати рақобатпазир ва воридотивазкунанда ҳидоят намуданд.
Саноатчиён ва соҳибкорони муваффақи вилоят молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла, намунаи фаршҳои рангаву пурнақшу нигор, дару тирезаҳо, мизу курсиҳо, ашёҳои мухталифи кандакоришуда, сутуну тахтасангҳои мармарӣ, хиштҳои ороишии аз сангҳои нодири Тоҷикистон омодашуда, чароғҳо, рангҳои сохтмонӣ, нақшу нигори аз гаҷ сохташударо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаш карданд.
Мавриди зикр аст, ки сокинони вилояти Суғд бо ҳунарҳои қадимаи хеш на танҳо дар кишвар, балки дар хориҷ маъруф ҳастанд. Имрӯзҳо маҳсули дасти устоҳои ҳунарманд ва муъҷизаофар дар тамоми намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба маъраз гузошта мешавад ва дар дохилу хориҷ харидорони зиёд доранд.
Ҳамчунин соҳибкорону тоҷирони вилояти Суғд бо истифода аз тамоми имкониятҳо ва дастгириҳои арзишманди Пешвои миллат дар роҳи рушди бахши хусусӣ даҳҳо корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, садҳо ҷойи нави корӣ таъсис додаанд.
Хурсандибахш аст, ки фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии Суғд низ ба талаботи рӯз ва дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавобгӯ мебошад.
Соҳибкорони вилоят иқдом гирифтаанд, ки минбаъд низ бо васеъ кардани иқтидору имконияти истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва бунёди коргоҳҳои нав баҳри пешрафти иқтисодиёти вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоранд.
Пас аз тамошои намоишгоҳи дастовардҳои корхонаҳои мухталифи саноатии вилоят Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ, коргарону устоҳои чирадаст, ки дар навсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе саҳми арзанда гузоштаанд, мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз номи худ ва аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли сохтмончиён, ки бо меҳнати арзанда ва шоистаи таҳсину офарин Боғи устод Айниро аз нав эҳё карданд, изҳори сипоси бепоён намуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба сохтмончиёни вилоят ва ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шоҳҷоиза ва туҳфаи пулиро дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ тақдим карданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии бунёду навсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, сохтмони майдончаҳои муосири варзишӣ ва ободонии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз тарафи комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид. Аз рӯйи натиҷаи озмун ҷойи аввал ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои навсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ мансуб дониста шуд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар саҳми муносиби сохтмончиёнро дар ободу зебо гардонидани як гӯшаи пойтахт ёдовар шуда, ба онҳо саодату сарбаландӣ орзу кардданд.