Варақаи матбуотӣ
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Варақаи матбуотӣ (22. 07. 2024 с.)
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, қонунҳои миллӣ ва соҳавӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсияву стратегияҳои давлатӣ, барномаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва самтҳои асосии фаъолияти телевизион ва радио дар нимсолаи якуми соли 2024 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Ба бахши умумии Кумита дар ин муддат 1224 ҳуҷҷат ворид шудааст. Аз ҷумла, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 адад, Фармоишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 адад, Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 адад, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 адад, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18 адад, супоришҳои Сарвазир ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - 169 адад, нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 56 адад, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 246 адад, мактубҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ - 624 адад, муроҷиати шаҳрвандоне, ки тариқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд - 3 адад ва дархостҳо аз идораҳои Кумита - 89 ададро ташкил медиҳанд. Аз мактубҳои воридотии дар боло қайдшуда ба 876 адади он сари вақт маълумот ва ҳисобот фиристода шуда, 137 адад мавриди баррасӣ қарор доранд ва 211 адад барои маълумот ва корбарӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 шуро (бадеӣ, таҳрирӣ ва техникӣ) амал мекунад.
Шурои бадеии Кумита дар давраи ҳисоботӣ беш аз 40 барномаи калонҳаҷми телевизиониву радиоӣ, филмҳои мустанад, инчунин, ролику лавҳаҳои нав, 121 суруду оҳанг ва 24 рақси саҳнавиро аз назар гузаронид, ки аз ҷониби ҳайатҳои эҷодию техникии шабакаҳои телевизиониву радиоии Кумита бахшида ба ҷашнҳои милливу давлатӣ, аз ҷумла, ба муносибати ҷашни Сада, 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар, Ҷашни байналмилалии Наврўз, Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон, ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ ва амсоли ин пешниҳод шуда буданд.
Шурои таҳририи Кумита дар давраи ҳисоботӣ матни 39 барномаи калонҳаҷми ҷашнӣ, филмҳои мустанаду намоишҳоро, ки бахшида ба ҷашнҳои милливу давлатӣ ворид гардида буданд, таҳрир, такмил ва баррасӣ намуд.
Шурои техникии Кумита ҷиҳати дастрас намудани техникаю таҷҳизоти соҳавии муосир барои телевизион, татбиқ ва назорати доимии масъалаҳои техникӣ, аз ҷумла таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати марҳилаи 5-уми “Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” як зумра корҳо анҷом дода шуд. Назорати ҷиддии ба таври худкор фаъолиятнамоии генераторҳои эҳтиётӣ ҳангоми қатъшавии барқ дар истгоҳҳои радиотелевизионие, ки фарогирии аксарияти минтақаҳои аҳолинишини мамлакат аз ин истгоҳҳо таъмин карда мешаванд. Масъалаи дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти техникӣ ва омодагии ҳамаҷониба доштан барои дар сатҳи баланд сабт, танзим ва инъикоси рафти баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсии дарпешистода, мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ, ҷиҳати таъсиси студияи дуюми сайёри телевизионӣ харидории таҷҳизоти муосири техникӣ ва инчунин таъмир намудани истгоҳҳои радиотелевизионӣ ва масъалаҳои ба ин монанд дар ҷаласаҳои шуро муҳокима гардида, барои иҷро супоришҳо дода шуд.
Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ. Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ аз ҷониби кормандони раёсат мунтазам зери назорат қарор дошт ва тибқи нақшаи фаъолият аз ҷониби раёсат дар ҷаласаи ҳайати мушовара ва маҷлисҳои назоратии Кумита оид ба татбиқи марҳилаи сеюми «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Формати шабакаҳои телевизионӣ, фарогирӣ ва хусусияти инъикоси мавзуъҳо дар онҳо» ва сатҳу сифати таҳияи барномаҳо дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ 3 гузориши таҳлилӣ ва 48 пешниҳод манзур шудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби раёсат Нақшаи дохилиидоравии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (иборат аз 15 банд) ва вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №АП-533 Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 (18 банд) ва нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба амалисозии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” таҳия ва ба тасвиб расонида шуд.
Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои радиоӣ ва дастаҳои ҳунарии Кумита сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои барномаҳои шабакаҳои радиоии Кумита: Радиои Тоҷикистон, шабакаҳои “Овози тоҷик”, “Садои Душанбе” ва “Фарҳанг”-ро назорат намуда, таҳлилу баррасӣ ва пешниҳодҳои худро манзури роҳбарият намуд.
Бахши муносибатҳои байналмилалии Кумитаи телевизион ва радио. Санаи 7-уми феврали соли 2024 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори иҷроияи ширкати “Ал-Майсан”-и Аморати Муттаҳидаи Араб Ҷон Намур мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот масъалаҳо вобаста ба вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Кумита бо ширкати “Ал-Майсан”-и Аморати Муттаҳидаи Араб дар самти таъмини пахши моҳворавии барномаҳои телевизионҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар заминаи дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи телевизион ва радио байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон санаи 6-уми марти соли 2024 раиси Кумита бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ гардида, зикр шуд, ки ҷонибҳо метавонанд дар самти омӯзишу табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандон, баргузории семинару конфронсҳои соҳавӣ, тайёр кардани мутахассисони эҷодию техникӣ ҳамкории самарабахш намоянд.
Вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо санаи 3-юми апрели соли 2024 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷастин Бредфилд – сардори шуъбаи иртибот, таблиғот ва ҳамкории ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон мулоқот намуда, масъалаҳои филмҳои аниматсионии бисёрсериягӣ бо забони тоҷикӣ ва пахши он тариқи “Телевизиони кӯдакону наврасон – “Баҳористон” махсус таъкид гардида, омода ва пешниҳоди барномаҳои маърифатию забономӯзӣ барои кӯдакон низ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ роҳбарияти Кумита бо роҳбари дафтари намояндагии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон Иброҳим Этҳем Унал мулоқот намуд. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Кумита бо ниҳоди мазкур дар самти ташкили курсҳои омӯзишӣ барои кормандони сохторҳои Кумита дар муассисаҳои телевизионии Туркия, ҳамчунин маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба такмили имкониятҳои техникии телевизионҳои зерсохтори Кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар доираи сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон санади ҳамкории соҳавӣ бо кумита, аз ҷумла Ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарраёсати телевизион ва радиои Чин ва Корпоратсияи телевизион ва радиои музофоти Шэнсии Чин ба имзо расонида шуд.
ШАБАКАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО
Тавассути шабакаҳои давлатии телевизион ва радио дар нимсолаи якуми соли 2024 бо мақсади таъмини сабти пурра ва инъикоси рўйдоду чорабиниҳои муҳими дохилию хориҷӣ, аз ҷумла, сафарҳои дохилию хориҷӣ ва вохўрию мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷумҳуриҳои дигар ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, рафти баргузории ҷашну идҳои миллию давлатӣ ва касбӣ, инчунин, тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, баррасии мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи минтақа ва ҷаҳон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзуъҳо як қатор корҳо ба анҷом расонда шуд.
Нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, иҷрои қонуну қарорҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, саноатикунонии босуръати мамлакат, истифодаи самараноки замин, зимистонгузаронӣ, рафти корҳои сохтмонӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, дастовардҳои соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, тарзи ҳаёти солим ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа, баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз интиқоли террористҳо”, ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соли 2025 эълон шудани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми март ҳамчун “Рўзи ҷаҳонии пиряхҳо”, солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ”, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, инчунин, ҳаёти илмию фарҳангӣ, мактабу маориф, тарбияи маънавии инсони худогоҳу ватандўст, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм - фурўғи маърифат», ҷашни Сада, Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар, ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, рўзи кўдакон, ҷашни рўзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Тиргон, сиёсати давлатии ҷавонон, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу маданияти бостонӣ дар шабакаҳои давлатии телевизион ва радио тавассути таҳия ва пахши хабару гузоришҳо, лавҳаю роликҳо, барномаҳои таҳлилӣ ва филмҳои мустанаду бадеӣ дар сатҳи баланди касбӣ инъикоси худро ёфтанд.
МАЪМУРИЯТИ ҶАЛБИ ДАСТАҲОИ ҲУНАРӢ
Дар ин муддат нақшаи репертуарии гурӯҳҳо ва ҳунармандон барои семоҳаи якум ва дуюм таҳия ва тасдиқ гардида, ҳамзамон, баҳри сабти сурудҳои нав 128 матни шеърҳо барои баррасӣ ба Шурои таҳрир ва 34 матни шеърҳо ба ҳайати эҷодӣ ва кумитаҳои тадорукотии ҷашнҳо пешниҳод гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ансамблҳои давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов ва давлатии «Фалак», ансамбли рақсии «Гулрез», ансамбли эстрадии «Ориё», ансамбли «Дарё» ва Мактаби бачагонаи рақсии «Меҳрона» баҳри ғанӣ гардонидани хазинаи телевизион ва радио, инчунин, омода намудани барномаҳои пурмуҳтавои фарҳангӣ дар сатҳи баланди ғоявию маънавӣ фаъолияти пурсамар нишон доданд. Ҳунармандони дастаҳои ҳунарии Кумита дар давраи ҳисоботӣ дар чорабинии илмӣ-фарҳангӣ, ки бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар бинои Бахши мутолиаи Шарқӣ ва Африқоии Донишгоҳи Лондон (SOAS) ва мактаби мусиқии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, инчунин, дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо барномаҳои консертӣ ҳунарнамоӣ намуданд. Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби шабакаҳои телевизионӣ 34 барномаи консертӣ ба навор гирифта шуда, аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт ва 32 рақс саҳнавӣ гардид.
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ, бо мақсади ҷалби ҷавонони боистеъдод ба гурӯҳҳои ҳунарӣ 8 мутахассиси ҷавон барои фаъолияти минбаъдаи эҷодӣ ба дастаҳои ҳунарии Кумита ҷалб гардиданд.
Бойгонии Кумитаи телевизион ва радио дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба хазина беш аз 1356 маводи телевизионӣ, баробар ба 318 соат, ки аз гузориш, барнома ва филмҳои мустанад иборатанд, барои нигаҳдорӣ пешниҳод шудааст. Ҳамчунин, 11 маводи мукаммал ва навори намоишҳои идона (21 соат), ки дар шаш моҳи соли 2024-ум бо иштирок ва суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидаанд, ба хазина ворид карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар хазинаи навори видеоӣ ва филмҳои Бойгонӣ дар маҷмуъ 27241 адад фитта дар шаклҳои гуногун (видеорулон, DVCam, SP, VHS ва DVD) мавҷуд мебошад. Аз ин миқдор мавод (дар назар дорем DVCam, SP ва VHS) то ба имрўз беш аз 39% ба компютер ва ба дискҳои дурушт гузаронида шудааст. Дар давоми шаш моҳи соли 2024-ум маводи 120 фитта аз формати SP ва 314 фитта аз формати DVC ба рақамӣ баргардонида шуд, ки ба 570 соат маводи хазина баробар аст. Гурўҳи тармим ва барқарорсозии маводи хазина, ки соле қабл ба баргардон намудани киноплёнкаҳои хазинаи филмҳои Бойгонӣ шуруъ намуда буданд, то ин муддат бештар аз 35 филми мустанад, 70 филми ҳунарӣ ва 18 барномаи телевизиониро ба компютер баргардон намудаанд.
Сохторҳои Кумита ба рушди воситаҳои электронии иттилоотӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Сохторҳои Кумита сомонаи расмӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Фейсбук, Инстаграмм, Телеграм, Ютуб) саҳифаҳои худро дошта, доир ба фаъолияти сохтор, навгониҳои муҳими дохил ва хориҷи кишвар мувофиқи формати шабака мавод ҷойгир менамоянд.
Айни замон дар мамлакат 101 шабакаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла, 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 16 телевизиони ноқилӣ, 4 телевизиони IP, 24 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд.