Вохӯрии Раиси Кумита бо довталабони озмуни “Эъҷози сухан”
Имрӯз Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо довталабони озмуни адабии “Эъҷози сухан”, ки дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешвои миллат ва бо мақсади иҷрои банди 21-и нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020, №14, ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, тақвияти неруи зеҳнию маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва равнақ додани ҷаҳони маънавии кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, мулоқот намуд.
Бояд гуфт, ки баъд аз эълони баргузории озмун ба унвони котиботи чорабинии мазкур бештар аз 160 довталаб аз ҳисоби ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникии тамоми воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радио аз кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ дархости ширкат ворид шуд.
Мувофиқи низомнома маҳорати иштирокдорон аз рӯйи ду номинатсия китобхонӣ (ҳама навъи осори бадеӣ, илмӣ ва ғ.) ва шеърдонӣ (ҳама навъи асарҳои назмӣ) аз ҷониби ҳайати ҳакамони салоҳиятдор баҳогузорӣ ва натиҷагирӣ карда мешавад.
Аснои вохӯрӣ Раиси кумита шарту қоидаҳои озмунро шарҳ дода, изҳор намуд, ки дар ҷараёни арзёбии маҳорати довталабон ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлол, тараннуми дўстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, мавзӯи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои Ватан бартарӣ дода мешавад.
Қайд гардид, ки тибқи низомнома иштирокчии озмун дар интихоби забон зимни хондан ва аз худ кардани осори адабиёти тоҷикӣ ва хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод буда, дар баёни роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ, инчунин, асарҳои илмӣ ва дигар осори насрӣ ва қироати шеърҳо (ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ) аз дилхоҳ забон истифода намояд.
Бинобар фароҳам овардани фурсати мусоид ҷиҳати намоиши маҳорат барои ҳар як иштирокчӣ озмун дар давоми 4 рӯз: рӯзҳои 31 май, 01,02,03 июни соли 2021 зери шиори “Адолат ва садоқат ба Ватан” баргузор мегардад ва рӯзи ниҳоӣ ҷамбаст хоҳад шуд.
Барои баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда шудааст. Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Кумита барои ҷоизадори мақоми аввал дар ҳарду номинатсия 10 000 сомонӣ (ба 2 нафар, ҷамъ 20 000 сомонӣ), ба ду ҷойи дуюм дар ҳарду номинатсия 7 000 сомонӣ (ба 4 нафар дар маҷмӯъ 28 000 сомонӣ) ва ба се ҷойи сеюм дар ҳарду номинатсия 5 000 сомонӣ (ба 6 нафар, дар маҷмӯъ 30 000 сомонӣ) пешбинӣ намудааст.
Дар интиҳои мулоқот Раиси Кумита ба саволҳои довталабон посух гуфта, ба онҳо комёбию барор орзу намуд.