Даргузашти Акбаралӣ Сатторов - раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Нашр шуд. Шан, 29/08/2015 - 11:55
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов дар синни 51-солагӣ аз олам даргузашт.
Акбари Саттор аз соли 2007 инҷониб раҳбарии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Ӯ ҳамчунин узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ёдовар мешавем, ки А. Сатторов соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, соли 1990 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст. Ӯ фаъолияти журналистиро аз нашрияи расмии «Ҷумҳурият» оғоз карда, минбаъд дар расонаҳои гуногун идома додааст.
Субҳи имрӯз соати 10 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба хок супорида шуд.
Марги Акбаралӣ Сатторовро барои хонадонаш тасаллият гуфта, барояшон сабри ҷамил хоҳонем.