Дар Братислава нахустин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Словакия доир гардид
Имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Словакия дар нахустин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия, ки дар шаҳри Братислава доир гардид, муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар анҷуман намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду давлат, инчунин доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Словакия, ки дар соҳаҳои энергетика, истеҳсолот, хизматрасонӣ, истихроҷи нафту газ ва фармасевтӣ фаъолият менамоянд, иштирок намуданд.
Муаррифии имконияти тиҷоратӣ ва сармоягузории ҳар ду давлат, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ дар байни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ аз ҳадафҳои асосии баргузории Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия арзёбӣ гардид.
АМИТ «Ховар»