Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҷамъомади бошукуҳ баргузор шуд

Имрӯз бахшида ба Рӯзи фалак дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки устодони фалаксаро ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад. 

Дар театри мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барномаи консертии «Шоми фалак» дар иҷрои ансамбли «Фалак»- и ба номи Одина Ҳошимов пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, роҳбарони як қатор муассисаҳои олӣ ва аҳли фарҳангу санъат иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар Тоҷикистон 16 сол инҷониб Рӯзи фалак бо шукуҳу шаҳомати хосса  таҷлил мегардад. Ин санъати мондагори мусиқии халқи тоҷик имрӯз ба феҳристи Мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидааст, ки фарҳангпарвару санъатдӯст будани мардуми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ  менамояд.

Як қатор ҳунармандон ва фалаксароён бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 2007 ҳамасола 10 октябр  Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад.

Ба иттилои  фарҳангшиносон, ин жанр дар асри X ё пештар аз он низ аз ҷониби ҳунармандони он замон иҷро мегардид.  Инчунин дар деворҳои шаҳраки қадимии Ҳулбук нақшҳое ёфт шудаанд, ки дар онҳо занҳо дар даст думбраву камонча ва ғиҷҷак доранд. Яъне муаррихон мегӯянд, ки чун ин занону мардон дар даст асбоб доранду менавозанд,  пас маълум аст, ки аз ҳамон давраҳо ва боз ҳам пештар аз он сурудхонию фалаксароӣ мавҷуд будааст. Ё ин ки дар баъзе суратдеворҳо анъанаи даст дар гӯш мондани одамон нақш ёфтааст, ки ин ҳам далели санъати таърихии миллати мо будани фалак мебошад.

Тамоми вижагиҳои ин санъати асили тоҷикро ба назар гирифта, 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд.

Фалак – мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик мебошад, ки давоми асрҳо ҳамчун розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа намудааст. Он жанри мусиқии қадимии шифоҳӣ буда, давоми садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод–шогирд» то ба имрӯз расидааст.

Бояд гуфт, ки бо мурури замон рушди ҳунари фалакхонӣ ба ташаккули  мактабҳои ҳунарии авлодӣ мусоидат намуд. Ин мактабҳои авлодӣ зимни услуби тадрисии устод–шогирд рушди бештар ёфтанд. Дар асри 20 онҳо ба ҳайси ансамблҳои оилавӣ расман пазируфта шуданд. Дар роҳи таърихии фалак вазифаи эҳё, нигаҳдорӣ  ва ба насли дигар омӯзонидани ҳунари фалакхониро ҳамин мактабҳои устод–шогирд дар доираи авлод таъмин намудаанд. Фалакхонӣ тавассути ин мактабҳои суннатӣ густариш ёфта, то ба замони муосир сабки худро ҳифз намудааст.

Устодони ин жанр Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Абдулло Назрӣ, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманд Холов, Дона Баҳром, Гулчеҳра Содиқова, Соҳиба Давлатшоева ва дигарон  мебошанд, ки ин санъати нотакрори тоҷикро дар арсаи байналмилдалӣ муаррифӣ намудаанд.