Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» баргузор мешавад
Аз 4 то 7 май дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созмондиҳандаи ин намоишгоҳ мебошад, хабар медиҳад.
Таблиғи маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ, роҳандозӣ ва густариши равобити тиҷоратӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар макони баргузории намоиш ва ҳамоиши соҳибкорон ҳадафи аслии намоишгоҳ арзёбӣ мегардад.
Дар назар аст, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ аз Тоҷикистон, Малайзия, Эрон, Туркия, Қазоқистон, Русия, Узбекистон, Беларус ва дигар давлатҳо маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоранд.