Дар Душанбе Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» доир гардид
10 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко ҷаласаи пленарии Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» доир гардид.
Дар кори Форуми байнипарламентӣ доираи васеи ҳайатҳои парламентӣ, намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатии ду давлат иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласаи пленарӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко сухан гуфт.
Сипас, кори Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлев дар доираи мизҳои мудаввар идома ёфт.
Иштирокчиёни дар чаҳорчӯби мубоҳисаҳои мизҳои мудаввар масоили рӯзафзун ва ҳалталаби дуҷонибаро вобаста ба амнияти минтақавӣ, илм, маориф ва ҷанбаҳои гуманитарӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Русия муҳокима намуданд.
Иброз гардид, ки рушди муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар асоси ҳампаймонӣ ва шарикии стратегӣ дар ҳама самҳои асосии ҳамкорӣ, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ тамоили устувор пайдо намудааст.
Дар густариши пайвастаи муносибатҳои дуҷониба саҳми талошҳои муштарак ва муколамаи мунтазами Сарони ду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин басе назаррас аст.
Ҷонибҳо бар онанд, ки нақши робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Русия ҳамчун шохаи калидии тамоми маҷмуи муносибатҳои давлатҳои бо ҳам дӯст муҳим арзёбӣ гардида, бо назардошти тамоюлҳои кунунии ҷаҳонӣ, зарурати густариши муколамаи байнипарламентӣ, тақвияти талошҳои муштарак барои таҳкими фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва байниминтақавии байнипарламентӣ меафзояд. Дар ин замина абзори муассири ҳамкории дуҷониба — Комиссияи муштарак оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шурои Федератсия бомуваффақият амал мекунад.
Бо мақсади рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, инчунин барои татбиқи амалии мувофиқаҳои бадастомада иштирокдорони Форуми байнипарламентии Тоҷикистон ва Русия тавсияҳоро оид ба густариши ҳамкории байниминтақавии муштарак оид ба таъмини амният, масоили афзалиятноки мубориза бо ҷинояткории байналмилалӣ, таъмиқи ҳамкории амалӣ дар соҳаи илму маориф, тавсеаи ҳамкории судманд дар бахшҳои саноат, инфрасохтори нақлиёт ва логистика, аграрӣ, рушди ҳамкорӣ дар бозори молиявӣ таҳия намуданд.
Дар фарҷом бо назардошти тавсияҳои мизҳои мудаввар ва табодули андешаи иштирокдорон Ҳуҷҷати ниҳоии Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» қабул карда шуд.