Дар Душанбе ғолибони даври сеюми озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» қадрдонӣ гардиданд
14 октябр бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ва «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар маросими мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунҳо, ҳайати ҳакамон, ғолибони даври шаҳрӣ аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.
Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода тазаккур дод, ки ташкил ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» ва «Илм-фурӯғи маърифат» аз ташаббусҳои навбатии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳавасмандгардонии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омӯзишу донишандӯзӣ, навҷӯиву навоварӣ ва истифодаи имконияти илм дар амал маҳсуб мешавад.
«Мояи сарфарозӣ аст, ки маросими тантанавии имрӯза муждарасони татбиқи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои рӯзафзуни Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буда, нишони арҷгузорӣ ба рамзи давлатдории миллати соҳибкитоб ва тамаддунсози миллат тоҷик мебошад», — таъкид гардид дар маросим.
Даври шаҳрии ин озмунҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар алоҳидагӣ аз рӯи номинатсияҳо баргузор гардид.
Барои ишғоли ҷойи 3-юм дар даври шаҳри Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» 12 нафар ғолибон бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм- 8 нафар бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва 4 нафар гирандаи ҷойи якум бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар идома 66 нафар ғолибони ҷойи сеюми даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯйи 7 номинатсия бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 44 нафар бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ ва 22 нафар ҷойи якум бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» ва «Илм-фурӯғи маърифат» бо дастгирии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр зиёда аз 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар баробари ғолибони озмун бо пайравӣ ба сиёсат ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 88 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври шаҳрӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд, низ бо мукофотпулӣ- ҳар кадоме дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби наврасони соҳибистеъдод барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод гардид.