Дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссия Сироҷиддин Муҳриддин баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти комиссия дар соли 2023 ва нақшаи корӣ барои соли 2024 баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии комиссия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ- ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ, ғайримоддӣ ва табиии мамлакат ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳаммияти ҷиддӣ дода, амалисозии лоиҳаҳоеро, ки дар рушди маориф, илм, ҳифзи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии мамлакат ва расонидани он ба наслҳои оянда саҳми арзанда мегузоранд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Зимни ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссия намояндагони вазорату идораҳо сухан гуфтанд.
Дар фарҷоми ҷаласа Нақшаи кори Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО барои соли 2024 тасдиқ гардид.