Дар Женева ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба об ва тағйирёбии иқлим муаррифӣ шуданд
Саммити мазкур, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария якҷо бо Созмони Милали Муттаҳид ташкил гардидааст, аз 12 то 14 декабр идома меёбад.
Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Абдураҳмон Абдураҳмонзода ширкат дорад.
А. Абдураҳмонзода роҷеъ ба аҳамияти маблағгузории соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ сухан гуфта, аз шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ барои ҳамкорӣ дар ин раванд даъват ба амал овард.
Дар ҳошияи саммит ҷаласаҳои алоҳида дар бахшҳои муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, рушди “иқтисоди сабз”, тандурустӣ, маориф ва илм, таъмини амнияти озуқаворӣ, барқарорсозии иқтисодиёти ҷаҳонӣ пас аз COVID-19, баробарии гендерӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии бахши хусусӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиш Эъломияи «Саммити ҳамкории самаранок барои рушд 2022» қабул мегардад.
АМИТ «Ховар»