Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон феҳристи «Ваҳдати миллӣ» рӯнамоӣ карда шуд

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» баргузор шуда, феҳристи «Ваҳдати миллӣ» рўнамоӣ гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҷамъомад директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода изҳор дошт, ки самари ваҳдати миллӣ ва ҳамдилии мардуми шарафманди тоҷик аст, ки имрўз Тоҷикистон ба як мамлакати пешрафта табдил ёфта, сол ба сол дар ҷумҳурӣ сатҳу сифати некуаҳволии аҳолӣ боло меравад.

«Ин ҳама дастоварҳои мо, зиндагии орому осуда ва рушди корҳои созандагию бунёдкорӣ, пеш аз ҳама дар натиҷаи талошҳои хастанопазири фарзонафарзанде дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ба даст омадааст. Сарвари давлати мо тавонистанд тавассути сохтмони роҳу нақбҳо ва дигар амалҳои созанда миллати мор обоз ҳам сарҷамъ сохта, ба бунёди давлати нави тоҷикон асос гузоранд»,- тазаккур дод Ҷумахон Файзализода.

Мавсуф иштирокдоронро даъват намуд, ки дар атрофи Пешвои муаззами миллат боз ҳам муттаҳидтар гашта, баҳри бунёди ояндаи дурахшони сарзамини аҷдодиамон камари ҳиммат бандем.

Дар мизи мудаввар иброз гардид, ки бо гузашти бештар аз ду даҳсола шоирону нависандагон, донишмандону таърихшиносон доир ба сабабу омилҳо, натиҷаву паёмад ва паҳлӯҳои мухталифи Ваҳдати тоҷикон китобу мақола, суҳбату гузориш ва садҳо достону шеър ва қиссаро эҷод намудаанд. Дар ин маврид зарурати дар як маҷмӯа ҷамъ овардани онҳо, яъне ташкили феҳристи адабиёт оид ба ваҳдат миллӣ пеш омад, то ин ки пажӯҳишгарон дар дарёфти маводи зарурӣ мушкил надошта бошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳадафи таҳияи феҳристи «Ваҳдати миллӣ» ин шинос намудани аҳли ҷомеа ва муаррифию тавсияи адабиёти баргузида оид ба масоили ваҳдат ва ваҳдатшиносӣ мебошад.

Дар феҳристи «Ваҳдати миллӣ» 3831 маводи чопии солҳои 1991-2022 нашргардида ҷо шудааст, ки дар он на ҳамаи маводи интишорёфта ворид шудааст.

Сабаби асосии номнавис нашудани тамоми маводи ба мавзӯъ ихтисосдоштаро директори Китобхона Ҷумахон Файзализода қабл аз ҳама дар он шарҳ дод, ки на ҳамаи маҳсулоти чопии дар қаламрави ҷумҳурӣ нашршуда аз ҷониби муассисаҳои интишоротӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҳайси нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон ворид мешаванд.

Илова бар ин, бо теъдоди кам нашр шудани китобҳо (аз 50 то 200 нусха) имкони дастрасиро душвор гардонида, барои бақайдгирии саривақтӣ ва феҳристнигории минбаъдаи онҳо монеа эҷод мекунад.

Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам вобаста ба «Нақши Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ» ибрози андеша намуда, гуфт, ки «ваҳдати миллӣ ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он сарзамин ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, иқтисодиёташ дараҷа ба дараҷа боло шуда, аз ҷиҳати фарҳангӣ ва сиёсӣ пеш меравад».

Таъкид гардид, ки ташаккули сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии ҳамватанони мо яке аз заминаҳои мустаҳками давлатдорӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат ва воситаи боэътимоди рушди давлати демократӣ мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»