Дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» расман ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар КВД Комплекси табъу нашри “Шарқи озод” ифтитоҳи расмии муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» баргузор гардид. Дар маросими ба сифати муассисаи давлатӣ дар сохтори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши дақиқияти баланди рақамӣ (бо сифати FUL HD) ба фаъолият шурӯъ кардани телевизиони “Шаҳнавоз” муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, роҳбарон ва кормандони сохторҳои кумита ширкат намуданд.
Дар ҷамъомади тантанавие, ки ба ин муносибат дар толори Комплекси табъу нашри “Шарқи озод” доир шуд, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақому сифати нав ба кор оғоз кардани телевизони мусиқии “Шаҳнавоз”-ро фоли нек ва самараи хуби сиёсати фарҳангпарварона ва таваҷҷӯҳу ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи телевизион ва радио арзёбӣ намуд.
Зикр шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллат дар мамлакат корҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ шурӯъ гардид. Дар расидан ба ин ҳадафҳои бузург саҳми кормандони эҷодию техникии соҳаи телевизион ва радиои кишвар низ чашмрас аст. Дар ин давра аз ҷониби кормандони соҳаи телевизион ва радио марҳилаҳои рушду инкишофи кулли бахшҳо мунтазам инъикос гардида, фазои иттилоотии мамлакат бо афкору муҳтавои тарғибгари манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва дӯстию рафоқат таъмин карда шуд.
Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» аз 65 воҳиди корӣ иборат мебошад, ки 19 воҳиди кории он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблаѓгузорӣ карда мешавад. Мақсади асосии таъсиси телевизиони ҷадид фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти самарабахши соҳаи телевизион ва радио, таъмини аҳолӣ бо хабару гузоришҳои вобаста ба соҳаҳои фарҳанг ва мусиқӣ, таҳия ва пешниҳоди барномаҳо оид ба дастовардҳои соҳаи мусиқии миллӣ ва ҷаҳонӣ, ҷалби истеъдодҳои соҳаи фарҳангу санъат, баланд бардоштани мақоми санъати мусиқӣ дар ҷомеа ва дар маҷмўъ беҳтар намудани сифати барномаҳои телевизионӣ ва муаррифии арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи рангини консертӣ иборат аз рақсу сурудҳои дилнишон дар иҷрои дастаҳои ҳунарии Кумита пешкаш гардид, ки тараннумгари меҳру садоқат ба Ватан ва Пешвои миллат, ваҳдату ягонагии миллат ва зебоиҳои диёр буд.
Бояд гуфт, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва студияҳои маҳсулоти аудиовизуалӣ ба 94 адад расид, ки аз он 14 шабакаи телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 21 радиои хусусӣ, 14 телевизиони ноқилӣ, инчунин, 3 телевизиони IP ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошанд.
Котиби матбуоти Кумита
Иброҳим Аҳмад