Дар рӯзномаи байналмилаллии арабии «Аш- Шарқ ал-Авсат» фарҳангу адабиёти тоҷик муаррифӣ гардид
18 июн бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар рӯзномаи байналмилаллии арабии «Аш- Шарқ ал-Авсат» (Ховари Миёна) мусоҳибаи арабшинос ва тарҷумони тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Нарзулло Назар ба нашр расид,ки дар он доир ба таърихи адабиёти тоҷику форс, шеъри асилу оламшумули тоҷикӣ ва робитаҳои фарҳангию адабии тоҷикон бо ҷаҳони араб маълумот манзур гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.
Дар мусоҳиба таъкид гардидааст, ки тоҷикон аз нажоди ориёӣ буда, қадимтарин мардуми асилу бумии минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд ва дорои фарҳангу тамаддуни куҳан мебошанд.
Мусоҳиб асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуровро, ки ба забони арабӣ тарҷума ва нашр шудаанд, муаррифи таъриху фарҳанги тамаддунофари тоҷик дар ҷаҳони араб арзёбӣ намудааст.
Зимни мусоҳиба дар бораи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рудакӣ ва дигар абармардони назму насри тоҷик, ба монанди Камоли Хуҷандӣ, Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва дигарон маълумот пешниҳод шудааст.