Дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон ба бунёди Маркази тиҷоративу логистикии «Андархон» санги асос гузошта шуд
13 март ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоративу логистикии «Андархон» иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ раисони вилоятҳо аз таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуда, онро самараи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ карданд.
Роҳбарони вилоятҳо ҳамзамон фарорасии Наврӯзи байналмилалиро ба халқҳои тоҷику узбек табрик гуфта, изҳори боварӣ намуданд, ки Маркази тиҷоратию логистикии «Андархон» ба афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази тиҷоративу логистикии «Андархон» дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯкони савдо, бонк, ошхона, қаҳвахона, меҳмонхона ва маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд. Бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешавад.