Дар Тоҷикистон иҷозатномаи ворид намудани интернет ба ду ширкат супорида шуд
Нашр шуд. Душ, 20/11/2023 - 16:47
17 ноябр Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ Мобайл» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Индиго Тоҷикистон» иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии интернетро супорид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқа хабар медиҳад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар идомаи андешидани тадбарҳои зарурӣ Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду ширкати ватании бахши хусусӣ иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро содир намуд.
Рӯзҳои наздик ҶСП «ТТ Мобайл» ва ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ба ворид намудани интернети баландсуръат шуруъ менамоянд, ки ин иқдом ба кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамчунин ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояҳои хусусӣ ба бахши телекоммуникатсияи мамлакат мусоидати фаъол менамояд.