Дар Турсунзода бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мулоқот баргузор шуд
31 октябр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вохӯрии намояндагони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор бо кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ баргузор шуд. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад муфаттиши калони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор У. Сафозода оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ сухан намуда, аҳли нишастро даъват кард, ки дар самти решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд.
Таъкид гардид, ки дар асоси Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд. Дар онҳо бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои суиистифода аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ карда шаванд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, «коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, ба рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».